Обу ҳавои чоршанбе, 21-уми август
Таҳлили омори гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар нишон медиҳад, ки пагоҳ, 21-уми август сардии ҳаворо бштар дар ВМКБ ҳисс мекунанд. Бахусус дар Мурғоб 0+2°, дар шарқи вилоят шабона -2+3° дараҷа хоҳад буд. Дар боқӣ қисматҳои мамлакат низ ҳарорати ҳаво назар ба рӯзҳои пеш каме поин меравад. Аз бодҳои суръаташон пуршиддат ҳам ҳарфе нест
Дар гузориши созмони ҳавошиносии кишвар гуфта мешавад, ки 21 август дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр асту бебориш, шамол аз самти шарқ бо суръати 0-5м/с мевазад. Ҳарорат шабона 13+15°, рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст ва ҳарорат дар водиҳо шабона 12+17°, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15°, рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд ҳаво камабр асту бебориш, шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/c мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 16+18°, рӯзона 33+35° гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 13+18°, рӯзона 30+35° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10°, рӯзона 22+27° гарм мешавад.
Ҳавои шаҳри Хоруғ ҳаво тағйирёбандаву бебориш хоҳад буд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 13+15°, рӯзона 30+32° гарм мешавад.
Дар ноҳияи Мурғоб низ бориш намешавад, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2°, рӯзона 17+19° гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаву бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самтишарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15°, рӯзона 29+34° гарм, дар шарқи вилоят шабона -2+3°, рӯзона 15+20° гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст, ҳаво шабона 16+18°, рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Кӯлоб ҳавои камабри бебориш. Ҳарорати ҳаво шабона 16+18°, рӯзона 34+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво камаб асту бебориш. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 16+21°, рӯзона 33+38° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17°, рӯзона 26+31° гарм мешавад.
«Рӯзгор»