19:42:35 02-уми Июни 2025 сол

Мулоқот бо Ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ хонум Георгина Бейкер

20 феврал дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ хонум Георгина Бейкерро ба ҳузур пазируфтанд.

49559616408 09959533215Дар ҷараёни мулоқот таҳкими ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо фаъолияти намояндагии Корпоратсияро дар Тоҷикистон қаноатбахш арзёбӣ мекунем ва манфиатдори рушди минбаъдаи шарикӣ бо он ҳастем.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориро дар соҳаҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои молия, савдо, телекоммуникатсия, агробизнес ва пешбурди фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ муҳокима карданд.

Таъкид гардид, ки идомаи ҳамкорӣ дар самти ислоҳоти низоми бақайдгирии субъектҳои хоҷагидор, иҷозатномадиҳӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор низ, барои таҳкими робитаҳо дар оянда пурсамар хоҳад буд.

Дар ҷараёни мулоқот Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва таъсири омилҳои беруна ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ шуда, таъмини инкишофи бозорҳои молиявӣ, зерсохтори энергетикиву истеҳсолӣ, соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ, маблағгузории соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла дар бахши кишоварзӣ, бахусус, дар ноҳияҳои дурдаст, инчунин, зиёд кардани қарз барои занони соҳибкор, муҳим шумурда шуд.

www.president.tj/

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854