21:48:20 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲАЛОКАТИ 8 НАФАР БАР АСАРИ ҲАМЛАИ ДОНИШҶӮИ МУСАЛЛАҲ БА ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ПЕРМ

Ӯ аз силоҳи Huglu на камтар аз 30 тир холӣ кардаааст. Донишҷӯи 18-сола Тимур Бекмансуров либоси ҳарбӣ дар бар субҳи 20 сентябр дар кампуси донишгоҳ аз силоҳи оташфишон тирпаронӣ карда, сипас ба бинои ҳаштуми донишгоҳ ворид мешавад.

terror perm 45875454Тавре Медуза менависад, ӯ аз силоҳи Huglu на камтар аз 30 тир холӣ кардаааст. Бар асари он донишҷӯён худро аз тиреза берун партофта, аксарият дар синфҳо худро маҳкаму кардаву сангар гирифтаанд.

Тавре Кумитаи тафтишот хабар медиҳад, бар асари тирпаронӣ 8 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар Вазорати тандурустӣ зикр кардаанд, ки ин кори дасти донишҷӯи ҳамин донишгоҳ аст. Ӯро боздошт кардаанд, ҳарчанд қаблан зикр гардида буд, ки ӯ кушта шудааст, лекин ин маълумот тасдиқи худро наёфт. Дар ҷараёни боздошт ӯ муқовимати мусаллаҳона нишон дода, захм бардоштааст.

Тибқи маълумоти Mash, Тимур Бекмансуров дар риштаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ аз рӯи ихтисоси “Ташхиси судӣ” таҳсил дошта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштае боқӣ гузоштааст, ки дар он дархост мешавад рафтори ӯро амали террористӣ нашуморанд ва ӯ узви ягон созмонҳои террористӣ нест.

Дар навиштаи ӯ чунин зикр шудааст: “Худро чашми дидан надорам, лекин ба ҳамаи касоне, ки сари роҳам меистанд, зарар расонидан мехоҳам”.

“Дар ин бора кайҳост инҷониб фикр мекардам. Солҳо сипарӣ мешуданд ва ман фаҳмидам, ки вақти он фаро расид, ки орзуямро амалӣ кунам”, - зикр мешавад дар навиштаи ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, менависад нашрияи anna-news.infо.

Ӯ муфассал дар бораи чӣ тавр аз назорати табиби руҳшинос гузаштанаш, харидани силоҳ ва омодагӣ ба ҳамла маълумот додааст.

Нахуст ӯ ба мактабе, ки қаблан дар он таҳсил мекардааст, ҳамла карданӣ буда, лекин охири моҳи март тасмимашро тағйир медиҳад. Менависад, ки “мактаб ҷойи хеле нофорамест, ки 10 дақиқаи охири ҳаёти худро дар он гузаронӣ”.

Манаъ: Asia-Plus

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi