13:35:05 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

АЗ МАҲФИЛИ РӮНАМОИ КИТОБИ «СИПОҲИ СУХАН»-И ШОИРИ ШИРИНКАЛОМ БЕҲРӮЗИ ЗАБЕҲУЛЛО

Сипос ба азизони дилу дида, ки дар чеҳраи мо падари азизамон Султоин Ҳамадро мебинанд ва муддом мекӯшанд дар ҳар маҳфилу чорабиниҳо моро низ даъват намоянд. Ҳарчанд мо лоиқи ин ҳама заҳматҳову бовариҳои шумо набошем, аммо аз ҷониби худ, кӯшиш мекунем андаке ҳам бошад, он муҳаббатеро, ки дар симои Падарамон коридед, дар мо дарав намоед.

sipohi sukhan behruzi-zabehullo 2021Чӣ ҳафтаи хубе, ин моҳ маро дунболагир буд. Ба чанд маҳфиле даъват гардидем, ки онҷо меҳр, муҳаббат, самимият, ҳақиқат ҳукмфармо буд. Дар ҳамаи ин маҳфилҳо ташабускорон маҳз ҷавонон буданд, ки ин боиси ифтихор ва хурсандист. Нахуст ба маҳфили рӯнамои китоби «Сипоҳи сухан»-и шоири ширинкалом Беҳрӯзи Забеҳулло, ки дар маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе баргузор гардид, даъват гардидем. «Сипоҳи сухан» мавҷмӯаи нави ашъори шоир аст. Китоби мазкур ба шарафи 30 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷуҳурии Тоҷикистон ва бо сармоягузории сарвари гурӯҳи «Равшандилон» - доктори фалсафа Назархудо Дастамбуев рӯи чоп омад.

ВИДЕО: АЗ МАҲФИЛИ РӮНАМОИ КИТОБИ «СИПОҲИ СУХАН»-И ШОИРИ ШИРИНКАЛОМ БЕҲРӮЗИ ЗАБЕҲУЛЛО

Дар маҳфил аҳли илму адаб, шоирон, нависандагон, меҳмонҳои хориҷӣ, овозхонон, рӯзноманигорон ва мухлисони шеъри устод Беҳрӯзи Забеҳулло гирди ҳам ҷамъ омаданд. Аҳли илму фарҳанг устодон, Ато Мирхоҷа, Назархудо Дастамбуев, Абдуллоҳи Раҳнамо, Муҳтарам Ҳотам, Раиси ҳизби Кунгураи миллии Афғонистон, шоир, сиёсатмадор, Латиф Пидром ва дигарон баромад намуда, ин китобро ба шоир ва аҳли илму адаб табрик гуфтанд.

Ҳамчунин овозхонон, аз ҷумла Фахриддини Малик, Ҳақназари Ҳукумзод, Тобиши Ҳилолӣ, Алимуҳаммад Фақирови хурдсол, аз бонувон Иқлима ва Шоира ки ба ашъори Беҳрӯзи Забеҳулло оҳанг бастанд пешкаши аҳли толор намуданд. Ба ростӣ маҳфил маҳфили ширу шакар гардид. Чун ба ҳалво гуфтан даҳон ширин намегардад, мо тасмим гирифтем навореро, аз рафти ин маҳфил сабт гардидааст, пешкаши шумо гардонем...

Субҳиддини Султон, "Рӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi