09:45:58 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ОЁ МО ҲОШИМ ГАДОРО МЕШИНОСЕМ?!

Ростӣ дар бораи Ҳошим Гадо ҳамин қадар медонистам, ки яке аз беҳтарин ҳунармандони театр ва кино аст. Нақши Суҳроб дар филми достони Рустаму Суҳроби "Шоҳнома"-и Абдулқосим Фирдавсӣ ба ӯ шӯҳрати ҷаҳонӣ овард.

hoshim gado film 2021Ҳамчунин аз нависанда буданаш каме ҳам огоҳӣ доштам, зеро чанде аз китобҳояш дар китобхонаи шахсии падарам маҳфӯз аст, аз ҷумла китоби "Асо", "Розҳо", "Ҷонбуз", "Коменты" ва "Оё мо Ҳошим Гадоро мешиносем". Баъзе наворҳоеро низ дар интернет тамошо кардам, аммо аз он наворҳо ягончи бардошт кардан ғайри қобили қабул буд.

Дар рӯзи кинои тоҷик, дар таърихи 16-уми октябри соли ҷорӣ хабари ба намоиш гузоштани нахустнамоиши филми «Ман» бо коргардонии Ҳамро Розиқов, ки ба зиндагиномаи Ҳошим Гадо рабт дорад, рӯ сӯи кинотеатри «Зебунисо» овардам. Дар бораи филм аз як дӯстам каме маълумот пайдо карда будам.

ВИДЕО: ОЁ МО ҲОШИМ ГАДОРО МЕШИНОСЕМ?! 

Баъди тамошои филм ман садҳо бор ба коргардон ва гурӯҳи филмбардорон таҳсин гуфтам. Зеро онҳо тавонистанд, дар зинда будани Ҳошим Гадо аз ӯ филм созанд. Дар бораи ин филм навиштан намешавад, ин филмро танҳо бо тамошо кардан метавон фаҳмиду дарк кард. Лаҳзаҳое ҳаст, ки гоҳҳо тамошобин мегиряд ва гоҳҳо механдад. Сари гӯри падар, дидор бо дӯсти даврони кӯдакӣ, ба дидори дӯсти бемор рафтан ҷигарҳоро реш - реш кард.

Бисёр мехоҳам чунин филмҳо дар бораи ҳаёту зиндагонии бузургони замон, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд ба навор гирифта шавад. Охир инҳо ганҷҳо ҳастанд. Шояд боз баъди сад солаҳо чунин бузургон пайдо нагарданд.

Хуб мешуд, панҷ солаи ояндаро соли синамо эълон кунанд, то дар ин соҳа пешравиҳои назаррас ба даст ояд.

Субҳиддини Султон, "Рӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi