ЛАВРОВ БАР ИН БОВАР АСТ, КИ УКРОИН БАРОИ УЗВИЯТ ДАР НАТО ОМОДА НЕСТ
Ба гуфтаи раиси Вазорати хориҷаи Русия, ин кишвар ба паймон ҳеҷ чизи муфиде нахоҳад овард.
Укроин барои узвият дар НАТО омода нест ва ба ин паймон ҳеҷ чизи муфиде нахоҳад овард. Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, зимни посух ба суолҳои барномаи "Вақти якшанбе" (Воскресное время) дар шабакаи аввал изҳори назар намудааст.
"Ҳар дафъа маълум мешавад, ки хатте, ки онҳо бояд дифоъ кунанд, ба самти Шарқ мегузарад. Ҳоло он аллакай ба Укроин наздик шудааст. Онҳо низ мехоҳанд, ки ин кишварро ба онҷо кашанд. Ҳарчанд ҳама дарк мекунанд, ки Укроин омода нест ва ҳеҷ саҳме нахоҳад гузошт, ба мустаҳкам намудани амнияти НАТО» - қайд намуд вазир.
Лавров таъкид кард, ки узвияти Укроин дар Паймони Атлантикаи Шимолӣ ба равобити Русия ва НАТО таъсири ҷиддӣ мерасонад. "Ин воқеан равобит бо Федератсияи Русияро халалдор мекунад, зеро ин дағалона вайрон кардани ӯҳдадориҳои расмии сиёсие хоҳад буд, ки президентҳои Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои узви ин паймон ба ӯҳда гирифта буданд. Бигзор онҳо худро бо ин далел тасаллӣ диҳанд, ки корашон танҳо барои муҳофизат аст. Аммо ин кори онҳо ба мо чандон писанд нест", - қайд намуд роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров.
Манбаъ: ТАСС