13:23:18 07-уми Июни 2025 сол

ҲАВОПАЙМОҲОИ ҶАНГИИ УКРАИНА АЗ "БОЗӢ" БЕРУН ШУДАНД - ВАЗОРАТИ ДИФОИ РУСИЯ

Намояндаи расмии вазорати дифои Русия генерал-майор Игор Конашенков рӯзи 9 март дар брифинг гуфт, ҳавопаймоҳои низомии Украина тавоноии худро аз даст додаанд ва танҳо кӯшишҳои ҷудогона барои парвоз ба ҳаво мекунанд.

1 aviatsiya uk 0.232323Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз беш аз 50 дарсади ҳавопаймоҳо ва чархболҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ки дар оғози амалиёти вижаи Русия мавҷуд буданд, дар замин ва ҳаво нобуд карда шудаанд.

“То оғози амалиёти вижа нерӯҳои мусаллаҳи Украина то 250 ҳавопаймо ва чархболҳои ҷангии қобили истифода доштанд.

Нерӯҳои ҳавоии Русия 89 ҳавопаймои ҷангӣ ва 57 чархболро дар замин ва ҳаво нобуд карданд.

Як қисми ҳавопаймоҳои Украина ба Руминия парвоз карда, дар набардҳо иштирок намекунанд.

90 дарсади аэродромҳои низомии Украина, ки қисми асосии авиатсияи ҳарбӣ дар онҷо ҷойгир буд, аз кор мондаанд. Аз лётчикхои разряди якум ва дуйуми Украина амалан ягон нафар боки намондааст. То имрӯз танҳо кӯшишҳои ягонаи парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои ҷангии Нерӯҳои ҳавоии Украина ба қайд гирифта шудаанд”, - гуфт Конашенков.

https://regnum.ru/news/polit/3528003.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854