13:03:32 07-уми Июни 2025 сол

СҶБ БА УКРАИНА ТАВСИЯ ДОДААСТ, ТО ҲАМА АНГЕЗАНДАҲОИ ХАТАРНОКРО ДАР ОЗМОИШГОҲҲОИ БИОЛОГИИ ИН КИШВАР НОБУД СОЗАД

Дар номае Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба давлати Украина тавсия додааст, то ҳама ангезандаҳои хатарнокро дар озмоишгоҳҳои биологии ин кишвар нобуд созад, хабар медиҳад хабаргузории Ройтерз бо истинод ба номаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ.

1 voz russia-ukraine 21212Дар санад гуфта мешавад, ки ин созмон муддати тӯлонӣ бо Киев барои ҷорӣ кардани усулҳои амниятӣ ҳамкорӣ мекунад.

"Дар доираи ин кор Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба Вазорати тандурустии Украина ва дигар мақомоти масъул тавсия додааст, ки ҳама ангезандаҳои махсусан хатарнокро барои пешгирӣ аз резиши эҳтимолӣ нест кунанд", гуфта мешавад дар нома.

Дар ҳамин ҳол Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мушаххас накардааст, ки кай ба Киев тавсияҳои дахлдор додааст. Инчунин, СҶБ аз пешниҳоди маълумоти муфассал дар бораи ангезандаҳои хатарноке, ки дар Украина мавҷуданд, худдорӣ карданд.

Тавре хабаргузории REGNUM хабар дода буд, қаблан муовини раиси Департаменти давлатии ИМА Виктория Нуланд изҳор дошт, ки аз эҳтимоли гузариши ангезандаҳои биологӣ дар Украина таҳти назорати Русия нигарон аст. Ҳамзамон вай Русияро пешакӣ дар ҳодисаҳои эҳтимолии марбут ба силоҳи биологӣ ё кимиёвӣ айбдор кард.

https://regnum.ru/news/polit/3529574.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854