13:12:26 07-уми Июни 2025 сол

ИФТИТОҲИ “КОХИ ОЛИМП” ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Варзишгарони ноҳияи Синои пойтахт толори варзишии “Кохи Олимп”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

1 kokhi-olimp 1122145Толори варзишии “Кохи Олимп” дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бо назардошти талаботу меъёрҳои муосири меъморию варзишӣ бунёд гардида, барои доираи васеи ҷавонону наврасони варзишгар ва дигар нафароне, ки тарзи ҳаёти солимро интихоб намудаанд, пешбинӣ шудааст.

Ин кохи муҳташами варзишӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Сафед-дара” бо харҷи 12 миллион сомонӣ сохта шуда, толори асосии он бо фарогирии қариб 1000 ҷойи нишаст барои машқу тамрин ва баргузории мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалии футбол, баскетбол, волейбол ва теннис пешбинӣ гардидааст.

2 kokhi-olimp 1122145“Кохи Олимп” аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, масоҳати умумии он зиёда аз 3 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.    

Дар таҳхонаи бино бахши техникӣ ва дар ошёнаи якум аз ду ҷониб чор ҳуҷраи либосивазкунии алоҳидаи замонавӣ барои мардону занон ва ҳаммом барои 15 нафар мавҷуд аст.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм толор барои меҳмонони воломақом, толори машқу тамрин дар риштаи гуштин ва бокс, ҳуҷраи кори доварон ва шореҳони варзиш мутобиқ ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ сохта шуда, ҷиҳати ба варзиш машғул гардидани наврасону ҷавонон заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст. Толори варзиши бадан низ дорои дастгоҳу таҷҳизоти муосир мебошад.

3 kokhi-olimp 1122145Зимни боздид аз шароиту имконияти “Кохи Олимп” ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дастгоҳу таҷҳизоти махсуси варзишӣ аз кишварҳои Аврупо ворид карда шуда, ба меъёру стандартҳои ҷаҳонӣ пурра ҷавобгӯ аст.

Дар толори варзишии “Кохи Олимп” 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати озоду самимӣ бо варзишгарони пойтахт таъкид карданд, ки аз чунин шароити мусоид ҳамаҷониба истифода намуда, бештар ба машқу тамрин машғул шаванд ва дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ номбардори давлату миллати хеш бошанд.

http://www.president.tj/node/27943

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854