08:53:23 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

МУЛОҚОТ БО КОМИССАРИ ОЛИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД ОИД БА ПАНОҲАНДАГОН ФИЛИППО ГРАНДӢ

17 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагон Филиппо Грандиро ба ҳузур пазируфтанд.

1 muloqot-bo-komissar 12215454Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла Дафтари Комиссари Олӣ оид ба паноҳандагон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчуби Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми гурезаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамкории сермаҳсул бо Дафтари Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба паноҳандагонро намунаи боризи муносибатҳои Тоҷикистон бо ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба масъалаҳои такмили бештари заминаҳои ҳуқуқии раванди ҳамкорӣ, таъсиси абзорҳои марбутаи ҳуқуқӣ ва мутобиқ гардонидани қонунгузории миллии Тоҷикистон ба меъёрҳои байналмилалӣ табодули андеша карданд.

Вобаста ба таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, ки боиси буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву башарӣ дар ин кишвар гардиданд, пешниҳод шуд, ки робитаҳои кории судманд ҷиҳати расонидани кӯмакҳои башардӯстонаи мақсаднок ба мардуми Афғонистон идома дода шаванд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯи судманд анҷом доданд.

http://www.president.tj/node/27949

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi