05:20:18 02-уми Майи 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Май 2022 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

МАҶОРИСТОН БА ИТТИҲОДИЯИ АВРУПО ПОСУХ ДОД: БО РУБЛ ПАРДОХТ КАРДАНИ ГАЗ ТАҲРИМҲОРО ВАЙРОН НАМЕКУНАД

Маҷористон бо пардохти пули гази Русия бо рубл таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупоро вайрон намекунад: Маҷористон тибқи қарордоди дуҷониба бо Русия газ мегирад ва шарикон ҳақ доранд асъори пардохтро иваз кунанд - ин як масъалаи техникӣ аст, Золтан Ковач, котиби матбуотии сарвазири Маҷористон Вазир Виктор Орбан дар мусоҳиба бо CNN гуфт.

1 majoriston 2214554Рӯзи 6 апрел Маҷористон эълом дошт, ки омодааст пули гази Русияро бо рубл пардохт кунад. Аммо рӯзи ҷумъаи 8 апрел Иттиҳодияи Аврупо Будапештро аз нақзи таҳримҳо дар сурати пардохт бо рубл ҳушдор дод.

"ИА то ҳол хариди умумии газу нафтро барои кишварҳои аврупоӣ надорад. Мо ба қарордодҳое, ки бо Русия оид ба интиқоли нафту газ баста шудаанд, идома медиҳем. Тибқи онҳо ин як масъалаи фаннӣ аст, ки бо кадом асъор пардохт кунем. "Ин маънои канорагирӣ аз сиёсати таҳримиро надорад, тавре ки мо медонем, иқтисоди Маҷористон ва аҳолии Маҷористон то 85% аз гази Русия вобастаанд" - гуфт Ковач.

Анника Эйнҳорн, сухангӯи вазорати иқтисоди Олмон рӯзи ҷумъа, 8 апрел дар брифинг гуфт, ҳукумати Олмон дастури муфассали минбаъдаи Русияро дар бораи пардохти газ интизор аст.

Рӯзи 31 март нахуствазири Словакия Эдуард Ҳегер харидории гази Русияро бо рубл рад накард. Словакия рӯзи 20 май барои интиқоли гази Русия бо рубл пардохт хоҳад кард, гуфт вазири иқтисоди Словакия Ричард Сулик, рӯзи 3 апрел дар пахши телевизиони миллии RTVS. Сулик гуфт, "барои қатъ нагардидани интиқоли газ, мо пардохтро бо пули русӣ хоҳем кард, ба шарте, ки дар мавриди дигар мувофиқат накунем." Ҳоло Словакия пули газро бо евро пардохт мекунад. Додани гази Русия талаботи кишварро 87 фоиз конеъ мегардонад.

Вести.ру



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi