13:21:00 07-уми Июни 2025 сол

САДРИ АЪЗАМ АВСТРИЯ: ВЕНА, БЕРЛИН ВА БУДАПЕШТ БАР ЗИДДИ ЭМБАРГОИ ГАЗИ РУСИЯ

Карл Неҳаммер, садри аъзами Австрия дар шабакаи телевизионии CNN гуфт, Вена, Берлин ва Будапешт зидди ҷорӣ кардани эмбарго ба интиқоли гази Русия ҳастанд, зеро таҳримҳо бояд пеш аз ҳама барои Русия дардовар бошанд, на барои Иттиҳодияи Аврупо.

8 austri russia22Ба гуфтаи ӯ, Комиссияи Аврупо ва Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди интиқоли нафт музокира доранд, аммо газ як "масъалаи ҷудогона" аст, зеро саноати бисёре аз кишварҳо аз ин манобеъ вобастагӣ дорад.

"Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, ки мо бояд ҳама корро кунем, то вобастагӣ аз гази Русияро қатъ кунем. Албатта, Австрия низ инро мехоҳад, аммо ҳоло ин имконнопазир аст. Ба ин вақт лозим аст", - афзуд садри аъзам.

Тавре хабар дода шуд, рӯзи душанбе Неҳаммер дар Маскав бо президенти Русия Владимир Путин дар қароргоҳи худ дар наздикии Маскав, пӯшида барои матбуот мулоқот кард.

Баъдан раиси Ҳизби мухолифи озодии Австрия (АПС) Ҳерберт Кикл аз садри аъзам Неҳаммер танқид кард, зеро дар мулоқот бо президенти Русия ба масъалаи таъмини нерӯи барқи кишвар дахл накардааст.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854