00:06:16 07-уми Июни 2025 сол

ЧАВУШОҒЛУ: ДАР НАТО АЗ НИЗОЪ ДАР УКРАИНА МАНФИАТ МЕГИРАНД

Мавлуд Чавушоғлу, вазири умури хориҷаи Туркия гуфт, дар НАТО кишварҳое ҳастанд, ки ба идомаи низоъ дар Украина манфиатдоранд. Дар ин бора шабакаи телевизионии «Россия 24» хабар медиҳад. Сардори раёсат қайд кард, ки ҳамзамон чунин аъзои паймон аз вазъи худи Украина чандон нигарон нестанд, чизи асосӣ заиф шудани Русия аст.

3 mavlud joushoglu 12124545Чавушоғлу ҳамчунин таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз кишварҳои НАТО талаботи замонатҳои амниятии пешниҳодкардаи Украинаро ба мисли моддаи 5-и оинномаи паймон қабул намекунад, ки тибқи он ҳамла ба яке аз кишварҳои паймон маънои ҳамла ба ҳамаи кишварҳои НАТО дар маҷмӯъ аст. Раиси вазорати хориҷаи Туркия таъкид кард, ки Туркия ба Украина нерӯ намефиристад.

Мо набояд интизор шавем, ки Анкара ба таҳримҳои зидди Русия ҳамроҳ шавад. Туркия саъй хоҳад кард, ки хисороти бахши сайёҳӣ бар асари маҳдудиятҳои ҷорӣ алайҳи Русия, аз ҷумла тавассути афзоиши шумори чартерӣ ва парвозҳои мунтазами ширкатҳои ҳавопаймоии турк ба Русияро ҷуброн кунад.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854