02:53:24 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МЕДВЕДЧУКРО БА АФСАРОНИ АСИРИ ҲАРБИИ УКРАИНӢ ИВАЗ КАРД

Як мақоми бознишастаи Украина, ки пас аз оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия ба яке аз кишварҳои аврупоӣ рафтааст ва аз тарси ҷони худ ному насабашро ифшо накардааст, ба РИА Новости гуфтааст, ки онҳо метавонанд кӯшиш кунанд, сиёсатмадори украинӣ Виктор Медведчук, ки аз ҷониби Худамоти амниятии Украина боздошт шудааст, ба як низомии асир иваз карда шавад.

9 medvedchuk ukraine 454578Дар як паёми аудиоие, ки нашр шуд, собиқ мансабдор ба ин суол, ки оё метавонад чунин табодули назар сурат гирад, посухи мусбат додааст.

«Барои Медведчук дар паси панҷара нишастанаш бесабаб аст. Дар шароити дигар ӯ на пеш аз анҷоми амалиёти ҷангӣ ва на баъд аз он озод карда намешавад. Мо ба Виктор Владимирович, орзӯи ҷасорату мардонагӣ мекунем”-гуфт ӯ.

Ҳамзамон ин ҳамсӯҳбати мо қайд карда: оқилона аст, ки Русия дар миёни афсарони асири украинӣ ба дунболи "ҷойгузини арзишманд" бошаду Медведчукро бо Бритониё ё соири шаҳрвандони кишварҳои дигар мубодила накунад.

Виктор Медведчук, сиёсатмадор ва раҳбари ҳизби "Платформаи оппозитсионӣ - Барои ҳаёт", ки қаблан дар Украина боздошт шуда буд, ба Владимир Путин ва Владимир Зеленский муроҷиат карда, хостааст, ки худро ба "муҳофизони Мариупол" ва онҳое, ки шаҳрро тарк карда наметавонанд, иваз кунанд.

Ҳамзамон, шабакаи телевизионии "Россия 1" ду шаҳрванди Бритониё, ки дар Украина асир шудаанд, Шон Пиннер ва Айден Эслинро намоиш дод, ки аз Борис Ҷонсон хостанд, дар ивази онҳо ба Медведчук кӯмак кунад.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi