08:45:28 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

"КАЛИБР"-И РУСИЯ БАТАЛЙОНИ НЕРӮҲОИ МУСАЛЛАҲИ УКРАИНАРО НОБУД КАРД

Нерӯҳои ҳавоии Русия дар давоми 24 соати гузашта ба 58 иншооти низомӣ дар Украина зарба заданд. Дар байни онҳо чаҳор нуқтаи фармондеҳӣ, се анбори сӯзишворӣ, инчунин 51 минтақаи тамаркузи нерӯи корӣ ва техникаи низомии Украина ҷогир буданд.

1 kalibri russia 122154Шабона як ҳавопаймои С-300 дар наздикии деҳаи Новоселка бо мушакҳои дақиқи ҳавоӣ нобуд карда шуд. Дар минтақаи Александровка то 80 нафар миллатгароён, инчунин 23 воҳиди зиреҳпӯш ва мошинҳо нобуд карда шуданд. Як ҳавопаймои бесарнишини украинӣ бо мушаки дақиқи баланд аз ҳаво сарнагун карда шуд.

Як баталёни нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо аслиҳа ва техникаи низомии "Калибр" дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Милиоративное нобуд карда шуд.

Дар давоми шабонарӯз қушунҳои ракетӣ ва артиллерия 9 анбори сӯзишворӣ ва 37 пункти фармондиҳиро несту нобуд карданд. 1221 такягоҳ, ҷойҳои ҷамъ шудани қувваи корӣ ва техникаи ҷангии душман торумор карда шуд.

Нерӯҳои дифои ҳавоии Русия 7 ҳавопаймои бесарнишинро дар минтақаҳои Старомаёрское, Ясиноватая, Старомихайловка, Калиновкаи Ҷумҳурии мардумии Донетск, Александровка ва Токарево дар вилояти Херсон нобуд карданд.

Мушаки украинии "Точка-У" дар ҳаво дар наздикии шаҳраки Донетскское сарнагун карда шуд.

Аз оғози амалиёти вижаи низомӣ то кунун 140 ҳавопаймои украинӣ, 106 чархбол, 2448 танк ва беш аз 3500 воҳиди дигар техникаи низомӣ нобуд карда шудааст.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi