00:42:44 29-уми Июни 2025 сол

Сарнавишти зиндониёни бритониёиро мақомоти Украина муайян хоҳанд кард

Лондон барои кӯмак расондан ба англисҳои асиршуда тамоми кори аз дасташ меомадагиро мекунад. Дар ин бора сарвазир Борис Ҷонсон изҳор дошт. Дар ҳамин ҳол, вай тавзеҳ дод, ки табодул аз Украина вобаста аст.

10 sarnavishti zindoniho 45542Сухан дар бораи Аиден Слейн аз Бритониё ва Шон Пинер меравад. Онҳо дар Мариупол боздошт шуданд. Худи онҳо аз Борис Ҷонсон хостаанд, ки онҳоро бо сиёсатмадори мухолифи Украина Виктор Медведев иваз кунад.

Сарвазири Бритониё гуфт, ки ба хонаводаҳои маҳбусон ҳамдардӣ дорад. Дар баробари ин, қайд кард ӯ, бояд дарк кард, ки онҳое, ки дар нерӯҳои мусаллаҳи Украина меҷанганд, гаравгон нестанд. Онҳо, пеш аз ҳама, асирони ҳарбӣ мебошанд, ки ба онҳо ҳуқуқҳои дар конвенсияи Женева муқарраршуда дахл доранд.

Борис Ҷонсон гуфт, ки мақомот барои раҳоии боздоштшудаҳо бо ҳамтоёни украинӣ ҳамкории зич доранд.

Вести.ру

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ