Башор Асад Алӣ Маҳмуд Аббосро вазири дифоъ таъин кард
Дафтари раёсатҷумҳурии Сурия бо нашри як баёния гуфт, раисиҷумҳури Сурия Башор Асад генерал-майор Алӣ Маҳмуд Аббосро раиси вазорати дифои ин кишвар таъйин кардааст.
"Президент Асад бо судури фармони рақами 115 генерал-майор Алӣ Маҳмуд Аббосро вазири дифоъ таъин кард", — омадааст дар хабар.
Хабаргузории РИА Новости