01:12:21 29-уми Июни 2025 сол

Ғарб аз амволи мусодираи тоҷирони рус хабар дод

Кохи Сафед дар робита ба нияти Ҷо Байден, раисиҷумҳури ИМА, изҳороте омода кардааст, ки аз Конгресс дархости тавсеаи салоҳиятҳои мусодираи амволи хориҷиеро, ки масдуд шудааст, дар чаҳорчӯби ташдиди таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия дархост кунад.

9 russia usa euro 124554Дар ин санад гуфта мешавад, ки Иттиҳодияи Аврупо дороиҳои элитаи Русияро ба маблағи беш аз 30 миллиард доллар (аз ҷумла киштиҳо, чархболҳо, амволи ғайриманқул ва осори санъат ба маблағи тақрибан 7 миллиард доллар) ва Иёлоти Муттаҳида ба маблағи беш аз 7 миллиард доллар бастааст, хабар медихад ТАСС.

Тавре хабар дода шуд, мақомоти ИМА ният доранд, ки амволи марбут ба Федератсияи Русияро мусодира кунанд ва ин маблағҳоро барои кӯмак ба Украина равона кунанд. Президенти Иёлоти Муттаҳида ба конгресс таклифи дахлдор пешниҳод кард.

Ин ба содда кардани мусодираи дороиҳои олигархҳо ва тавсеаи феҳристи амволи мусодирашаванда мусоидат мекунад. Байден ҳамчунин пешниҳод кард, ки як гурӯҳи дигари силоҳ ба Украина фиристода шавад.

Вести.ру

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ