09:42:20 06-уми Июни 2025 сол

Порлумони Гурҷистон аз Украина дар баробари иттиҳом дар кӯмак ба Русия далелҳо талаб мекунад

Раиси порлумони Гурҷистон Шалва Папуашвилӣ аз Украина, ки Тифлисро дар кӯмак дар ҷилавгирӣ аз таҳримҳо ба Русия муттаҳам кард, тавзеҳот хост. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" хабар медиҳад.

10 porlumoni gruziya 4512154Ин бори дуввум аст, ки Киев Тифлисро ба кӯмаки иқтисодӣ ба Маскав муттаҳам мекунад.

"Мо бисёр умедворем, ки ҷониби Украина тавзеҳот хоҳад дод ё бо эҳтимоли зиёд, чун дар мавриди аввал, изҳорот дар бораи "канали қочоқ" тавассути Гурҷистон таъйиднашуда ва танҳо изҳорот боқӣ хоҳад монд" гуфт ӯ.

Папуашвилӣ афзуд, ки дар иттиҳомоти Киев далеле оварда нашудааст, гузашта аз ин, онҳо эътимоди байни ниҳодҳои ду кишварро изофа намекунанд ва ҳадафи ин изҳорот рӯшан нест.

Қаблан хадамоти истихборотии Украина Тифлисро дар кӯшиши ташкили як канали ҳамлу нақли колоҳои Русия ва канорагирӣ аз таҳримҳои муқарраршудаи байналмилалӣ муттаҳам карда буд. Ба гуфтаи вай, Русия бо кӯмаки кишварҳои дигар талош дорад, колоҳои таҳримшударо ба даст орад. Гуфта мешавад, ки бо ин ҳадафҳо соҳибкорони рус дар Гурҷистон, Арманистон ва Озарбойҷон беш аз 200 ширкати муштараки нав таъсис додаанд.

Катерина Медведева, "Газета.ру"

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854