09:37:42 06-уми Июни 2025 сол

Молдова ба маълумот дар бораи "ҳамла"-и тарҳрезишудаи Русия ба ин кишвар посух дод

Котиби матбуотии вазорати дифоъи Молдова Алла Дякону ба пайдо шудани мақолае дар "The Times" вокуниш нишон дод, ки дар он манобеъи украинӣ ҳушдор додаанд, ки кишвари Русия гӯё қасди ҳамла ба Молдоваро дорад. Дар ин бора "РИА Новости" бо истинод ба шабакаи "ТВ8" хабар медиҳад.

11 moldova russia 54895665Ба гуфтаи намояндаи ин мақомот, аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина тамоми хадамоти ин кишвар дар ҳолати омодабош фаъолият намуда, рушди ҳодисаҳоро бодиққат назорат мекунанд.

"Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ нишонае вуҷуд надорад, ки Молдова дар хатар аст" гуфт Диакону.

Вай афзуд, шарикони байналмиллалии кишвар низ дар ин назаранд.

Пештар Майя Санду, раисиҷумҳури Молдова, гуфт, ки кишвар дар ҳолати "ҷанги иттилоотӣ" қарор дорад ва ба мубориза бо чунин "манбаъҳои маълумоти бардурӯғ", ба мисли мессенҷери "Telegram" даъват кард.

Марфа Мамаева, "Газета.ру"

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854