09:42:17 06-уми Июни 2025 сол

The Guardian: Гурезагони украинӣ алайҳи вазири умури дохилии Бритониё шикоят хоҳанд кард

The Guardian менависад, созмонҳои ҷамъиятии бритониёии Save the Children ва Шӯрои паноҳандагон омодагӣ мегиранд, ки аз номи садҳо паноҳҷӯёни украинӣ алайҳи вазири умури дохилӣ Преити Пател ба додгоҳ шикоят баранд.

5 ukraina angliya 21214554Ба навиштаи рӯзнома, сабаби ба додгоҳ муроҷиат кардан расмиёти бюрократии маъмурии муҳоҷирон аз Украина будааст.

Фаъолон таъкид мекунанд, ки маъмулан як узви оила, аксаран кӯдак, ба далели мушкилоти бюрократӣ имкони дарёфти раводид надоштан ва тамоми оиларо аз ҳаракат даровард. Илова бар ин, гурезагон имкони мустақилона арзёбии вазъи аризаро надоранд.

Дар пайи амалиёти вижаи низомии Русия, мақомоти Бритониё режими раводид барои украинҳоро сабуктар карданд ва то нимаи моҳи март 5500 раводид содир карданд, ки мӯҳлаташон се сол аст ва ба онҳо имкон медиҳад, ки зиндагӣ, кор, таҳсил ва дастрасӣ ба маблағҳои ҳукуматӣ дошта бошанд. Ба гуфтаи Преити Пател, вазири умури дохилӣ, Бритониё метавонад то 100 000 паноҳанда аз Украинаро қабул кунад.

"РИА Новости"

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854