09:45:29 06-уми Июни 2025 сол

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Тибқи ахбори расмии намояндаи неруҳои марзбонии Толибон дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахори Афғонистон, дар рӯ ба рӯи дидбонгоҳи сарҳадии №12-и Отряди сарҳадии «Панҷ», 7 майи соли ҷорӣ, соати 11:45 миёни қувваҳои Толибон ва гурӯҳи мусаллаҳи аъзоёни ташкилоти байналмилалии террористии «Давлати исломӣ» задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, якуним соат идома ёфтааст.

 granisa tj afg 211245Дар ин бора дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Минтақаҳои мазкур дар наздикии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тирҳои болозикр тасодуфан ба ҳудуди кишвар гузаштаанд. Хисороти моливу ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Айни замон аз ҷониби сохторҳои марбутаи Толибон дар минтақаи Хоҷағори вилояти Тахор барои муайян ва безарар гардондани гурӯҳҳои террористӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд.

Ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба ҳолати омодабошии пурраи ҷангӣ гузаронида шудаанд. Ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон тамоми имконият ва тавоноии ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатиро доранд.

Вазъият дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон муътадил арзёбӣ гардида, таҳти назорати марзбонони тоҷик қарор дорад.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854