17:39:50 04-уми Июни 2025 сол

Иёлоти Муттаҳида шоҳиди коҳиши эътирозот дар Русия ва ҳимояти аксарият аз амалиёти вижа аст

Сардори Идораи истихбороти миллӣ Аврил Ҳейнс гуфт, Иёлоти Муттаҳида коҳиши фаъолияти эътирозӣ дар Русия ва далели пуштибонии мардум аз амалиёти низомӣ дар Украинаро мушоҳида мекунад.

4 spad protestov 541552"Ман медонам, ки бисёре аз мо эътирозҳоеро, ки пас аз ишғол ва саркӯби пас аз он дар Русия сар зада буданд, дидаем, аз ҷумла қабули қонунҳое, ки дар сурати эътирозҳо муҷозоти хеле ҷиддӣ пешбинӣ мекунанд. Мо дидем, ки онҳо воқеан коҳиш ёфтаанд", гуфт вай дар маҷлиси Конгресс.

Ҳейнс ҳамчунин аз назарсанҷиҳо ёдовар шуд, ки ба гуфтаи вай, нишон медиҳад, ки "аксарияти русҳо аз амалиёти вижаи низомӣ пуштибонӣ мекунанд". Вай иддао дорад, ки яке аз сабабҳои ин "интихоби иттилооте буд, ки ба аҳолӣ мерасад".

Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".

РИА Новости

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854