17:38:42 04-уми Июни 2025 сол

Медведев: Дастгоҳи чопии Амрико дар талоши шикастани Русия вайрон хоҳад шуд

Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев мутмаин аст, ки дастгоҳи чопии мақомоти русофобии ИМА дар талоши таъсири иқтисодӣ ба Русия аз кор хоҳад монд, аммо ҳадафҳои амалиёти вижаи Русия дар Украина амалӣ хоҳанд шуд.

05 medvede 56564521Палатаи Намояндагони ИМА рӯзи сешанбе як бастаи кӯмаки иловагӣ ба Украинаро ба маблағи тақрибан 40 миллиард доллари амрикоӣ тасвиб кард.

"Дастгоҳи чопии онҳо, ки аз тариқи он Амрико доиман қарзи афзоишёфтаи худро зиёд мекунанд, сареътар шикаста хоҳад шуд. Ногуфта намонад, ки нархи девонавори бензин ва маводи ғизоӣ, ки амрикоиҳо бояд барои афзоиши онҳо аз мақомоти русофобии худ миннатдорӣ баён кунанд. Аммо ҳадафҳои амалиёти вижа амалӣ хоҳанд шуд”, - навиштааст Медведев дар канали Telegram-и худ.

Вай қайд кард, ки ҳадаф аз “кӯмак”-и Украина дар чунин миқёси бесобиқа “идомаи ҷанги прокси зидди Русия, хоҳиши шикасти сангине ба кишвари мо, маҳдуд кардани рушди иқтисодӣ ва нуфузи сиёсии он дар ҷаҳон аст”.

РИА Новости

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854