17:37:45 04-уми Июни 2025 сол

Дар Бразилия маросими видоъ бо Пеле ба поён расид

Дар варзишгоҳи «Вила Белмиру»-и шаҳри Сантуси Бразилия рӯзи 3 январ маросими видоъ бо қаҳрамони секаратаи ҷаҳон оид ба футбол Пеле ба поён расид.

umer pele 122145655645Пас аз маросими видоъ, ки як рӯз идома кард, тобут бо ҷасади футболбозро зери кафкӯбӣ ба болои боми мошини оташнишонӣ бардошта, сипас бо парчами Бразилия пӯшониданд. Шӯрои маросими дафн аз кӯчаҳои шаҳри Сантос, аз ҷумла аз назди хонае, ки модари садсолаи Пеле то ҳол зиндагӣ мекунад, мегузарад. Баъд аз ин, футболбози барҷаста дар ҳудуди қабристони Екуменика, ки ӯ интихоб кардааст, дафн карда шуд.

Созмондиҳандагони ин маросим иддаъо доранд, ки дар як рӯз беш аз 230 ҳазор нафар бо Пеле видоъ кардаанд. Дарозии навбати касоне, ки барои гиромидошти хотираи футболбоз омада буданд, аз ду километр гузашт.

Ёдовар мешавем, ки футболбози афсонавӣ Эдсон Арантис до Насименту, маъруф ба Пеле, 29 декабри соли 2022 дар Сан-Паулу дар синни 82-солагӣ даргузашт. Сабаби марг нокомии узвҳои сершумор бар асари саратон буд. Дар Бразилия се рӯз мотам эълон шудааст.

Манбаъ: regnum.ru

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854