17:38:57 04-уми Июни 2025 сол

Коронавирус: беморхонаҳои Шанхай пур шудаанд

Ҳазорон нафар беморон бо аломатҳои COVID-19 ҳамарӯза дар муассисаҳои тиббии Шанхай ба таври таъҷилӣ бистарӣ мешаванд, ки аксари онҳо шахсони аз 65-сола боло мебошанд, хабар медиҳад Euronews.

kovid shankhay 5421214545Расонаҳои давлатии Чин иттилоъ додаанд, ки 70 дарсади аҳолии 25-миллионнафарии бузургшаҳр, шояд ба ин вирус мубтало шудаанд. Чин баъд аз як моҳи лағви маҳдудияти шадиди санитарӣ бо мавҷи бесобиқаи сироятҳо рӯбарӯ шуд.

Рӯзҳои охир даҳҳо кишвар барои мусофироне, ки аз Чин меоянд, санҷиши COVID-19 ҷорӣ кардаанд, вале Пекин ин чораҳоро маҳкум намуд.

Қаблан Чин изҳор карда буд, ки 8 январ сарҳадҳояшро боз мекунад ва чораҳои карантиниро, ки барои пешгирии паҳншавии сироятҳои вирусӣ ҷорӣ шуда буданд, лағв менамояд. Дар Чин қаблан аз нашри маълумоти ҳаррӯза дар бораи ковид даст кашида буданд. Хабар расида буд, ки Чин интиқоли мусофиронро тавассути гузаргоҳҳои заминӣ аз нав барқарор намуда, ба додани шиноснома ба шаҳрвандони худ барои сафарҳои хориҷии сайёҳӣ дубора оғоз кардааст.

Азиза ДАДАБОЕВА, АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854