17:36:02 04-уми Июни 2025 сол

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Беларус нақшаи ҳамкории ҳарбиро барои соли 2023 ба имзо расониданд

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо сафари корӣ ба пойтахти Беларус- шаҳри Минск сафар намуд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат Фаридун Маҳмадализода хабар дод.

SHerali-Mirzo-1Иттилоъ дода шуд, ки сафари Вазири мудофиаи кишвар 3-4 январ идома ёфта, зимни он Шералӣ Мирзо бо Вазири мудофиаи Беларус Виктор Хренин мулоқот намуд. Ҳамзамон зикр гардид, ки дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо нақшаи ҳамкории ҳарбиро барои соли 2023 ба имзо расониданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, зимни музокирот бо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди босуръати ҳамкории дуҷонибаро дар сатҳи сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, фарҳангу гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ намуданд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854