17:38:07 04-уми Июни 2025 сол

Президенти нави Ҷумҳурии Чех дар даври дуюми интихобот муайян хоҳад шуд

Дар Ҷумҳурии Чех даври аввали интихоботи президентӣ ба охир расид. Баъди ҳисоб кардани маълумот дар 99,95% қитъаҳои интихоботӣ Петр Павел 35,4% овозҳоро ба даст оварда, ҷои аввалро ишғол кард. Андрей Бабиш, сарвазири собиқ ва миллиардер, рақибашро бо пирӯзӣ дар даври аввал табрик гуфт.

Андрей Бабиш дар даври аввал пас аз ҳисоб кардани маълумот 35% ба даст оварда, ҷои дуюмро гирифт. Ҳардуи онҳо ба даври дуввум, ки рӯзҳои 27-28 январ баргузор мешавад ва раисиҷумҳури нави Ҷумҳурии Чехро муайян мекунад, роҳ ёфтанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Бабиш гуфт: "Ман Петр Павел, номзади ҷонибдори ҳукуматро бо пирӯзӣ дар даври аввали интихоботи президентӣ табрик мекунам."

Собиқ нахуствазир бар ин бовар аст, ки дар даври дуввум Павел аз сӯи Дануша Нерудева, ки дар ҷойи саввум қарор гирифт ва аз сӯи як қатор номзадҳои дигари президентӣ аз ӯ пуштибонӣ хоҳанд кард.

Бабиш муътақид аст, ки дар даври дуввум рӯзноманигорон метавонанд алайҳи ӯ иғвоҳои мухталиф эҷод кунанд.

Вести.ру

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854