17:36:53 04-уми Июни 2025 сол

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон масъалаҳои муносибатҳои шарикии стратегиро баррасӣ карданд

24 январ дар шаҳри Тошканд вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини раиси Девони вазирон, Вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов баргузор гардид. Дар ин бора ба мо аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ карда шуд.

Вазирон ҳамчунин доир ба ҷадвали мулоқотҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ ва баланд табодули афкор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 24 январ дар пойтахти Узбекистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид. Дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854