17:40:43 04-уми Июни 2025 сол

Иёлоти Муттаҳида 60 ҷангҷӯро барои ҳамлаҳои террористӣ дар Русия ва ИДМ омода кардааст

Хадамоти истихбороти хориҷӣ гуфта, ки Созмонҳои иттилоотии Амрико дар моҳи январи соли ҷорӣ 60 ҷангҷӯро дар Сурия ҷалб карданд, ки қарор аст онҳо барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар Русия ва дигар кишварҳои ИДМ фиристода шаванд.

terrorizm_212151545454.jpg"Тибқи маълумоти мӯътамад, ки ба Хадамоти истихбороти хориҷӣ мерасад, артиши ИМА ҷангиёни гурӯҳҳои ҷиҳодии марбут ба "Давлати исломӣ” ва “Ал-Қоида”-ро барои анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ дар Русия ва кишварҳои ИДМ фаъолона ҷалб мекунад", - гуфта мешавад дар изҳороти агентӣ.

Тибқи иттилои Хадамоти истихбороти хориҷӣ, амрикоиҳо ба ҷалби мардум аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои Қафқози шимолии Русия ба ҳамкорӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунанд.

Террористоне, ки аллакай таҷрибаи иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар Шарқи Наздик доранд, ҳоло дар пойгоҳи Амрико дар Ал-Танф дар Сурия бо суръат омода карда мешаванд.

Дар он ҷо ба онҳо маҳорати сохтан ва истифода бурдани асбобҳои таркандаи худсохт, инчунин усулҳои гузаронидани корҳои харобкориро меомӯзанд. Диққати махсус ба тарҳрезии ҳамла ба иншооти хуб ҳифзшаванда, аз ҷумла намояндагиҳои дипломатии хориҷӣ дода мешавад.

Дар ояндаи наздик ИМА тасмим гирифтааст, ки онҳоро дар ҳайати гурӯҳҳои хурд ба Русия ва дигар кишварҳои ИДМ бифиристад. Баъд аз ин, ҷангҷӯён бояд алайҳи дипломатҳо, хизматчиёни давлатӣ, афсарони интизомӣ ва низомиён ҳамла анҷом диҳанд.

Дар баробари ин, тибқи нақшаи низомиёни ИМА, онҳо якҷо бо ячейкаҳои пинҳонии гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ, аз ҷумла «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҷамоати Ансоруллоҳ* ва Ҳаракати исломии Узбакистон* ҳамлаҳо ташкил мекунанд.

Хадамоти истихбороти хориҷӣ таъкид карда, ки бо чунин амалҳо ИМА худро бо бузургтарин гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ дар як саф мегузорад.

РИА Новости

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854