07:16:09 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов мулоқот намуданд

3 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, ки дар доираи сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия муҳтарам Михаил Мишустин дар Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, мулоқот карданд.

Prezidenti-um-urii-To-ikiston-Emomal-Ra-mon-2121.jpgЗимни суҳбат Сарвари давлати мо аҳамияти рушди минбаъдаи самарабахши муносибатҳои байниминтақавӣ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи шарикии стратегии Тоҷикистон ва Русияро таъкид намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо самти муҳими доираи васеи муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва омили ғанӣ гардонидани онҳо бо мазмуни нави амалӣ мебошад.

Дар ин замина ба густариши минбаъдаи фаъоли муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тотористон ҳамчун яке аз минтақаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешқадами Федератсияи Русия изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Тақвият ва густариш додани робитаҳои бевоситаи иқтисодии субъектҳои хоҷагидорӣ ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт вазифаи мубрам дониста шуд.

Соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, нафту газ, кимиё, сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ, сохтмон, бахшҳои энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ ва сайёҳӣ аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуданд.

Ҷонибҳо оид ба имкону иқтидори бузурги афзоиши гардиши мутақобила, ҳамчунин татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин самтҳо табодули андеша карданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо алоқамандии тарафайнро ба густариши минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф, илм ва тандурустӣ таъкид намуданд.

Пешвои миллат изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои сафари Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон ба Тоҷикистон ҳамкориро дар чаҳорчӯби шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Русия таҳким мебахшад.

«Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi