03:09:02 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Лавров гуфт, ки ИА Русияро аз даст дод

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия рӯзи 3 апрел дар мусоҳиба бо "Аргументы и факты" гуфт, кишварҳои аврупоӣ Русияро ба далели бархӯрдашон ба Федератсияи Русия аз даст доданд.

lavrov_12125448.jpgИттиҳодияи Аврупо Русияро аз даст дод. Аммо дар ин кор худи онҳо айбдоранд. Маҳз давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва худи сарварони Иттиҳодия ошкоро зарурати ба Русия бор кардани шикасти стратегиро, ба ибораи худашон эълон мекунанд, мегӯяд ӯ.

Сардори вазорати хориҷа қайд кард, ки Маскав ба хулосаҳои муайян расидааст ва Иттиҳодияи Аврупоро як иттиҳодияи ғайридӯстона медонад, зеро Ғарб Украинаро бо силоҳ таъмин мекунад ва ҳамчунин барои кӯмак ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина мураббиёну зархаридон мефиристад.

Лавров афзуд, Русия омода аст, агар лозим шавад, ба ҳама гуна иқдомоти душманона алайҳи он посухи тунд диҳад.

Тавре хабаргузории REGNUM хабар дод, рӯзи 31 март президенти Русия Владимир Путин Консепсияи навшудаи сиёсати хориҷии Русияро тасдиқ кард. Дар ҳуҷҷат гуфта мешавад, ки аксарияти давлатҳои Аврупо нисбат ба Федератсияи Русия сиёсати таҷовузкорона пеш мебаранд.

Илова бар ин, дар матни Консепсия гуфта мешавад, ки Русия аз манфиатҳои миллии худ ҳимоят карда, ба ташаккули модели нави ҳамзистӣ бо кишварҳои Аврупо шурӯъ мекунад.

"Регнум"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi