21:48:23 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Ҳуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд

Дирӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Ҳуснуллинро ба ҳузур пазируфтанд.

mashvarat_26565215454.jpgДар оғози суҳбат Пешвои миллат аҳаммияти фаъолияти ҳамоҳангшуда ва самараноки Комиссияи мазкурро таъкид намуда, ба Марат Ҳуснуллин дар фаъолияти минбаъдааш ба ҳайси ҳамраиси ин механизми муҳими пешбурди муносибатҳои ҷонибҳо комёбӣ орзу намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарвари давлати мо таъкид намуданд, ки масоили таҳкими ҳамкории гуногунҷанба бо Федератсияи Русия дар сиёсати хориҷии давлати мо ҷойгоҳи хоса доранд ва ҷониби Тоҷикистон ба тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.

Дар ин замина зарурати идомаи талошҳои ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи пурраи мувофиқаҳои қаблан бадастомада оид ба тавсеаи минбаъдаи ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии ҳамкориҳои ду давлат таъкид гардид.

Ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар самтҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, бахусус дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳамзамон энергетика, комплекси агросаноатӣ, ҳамкории байниминтақавӣ ва сайёҳӣ муҳокима намуданд.

Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси самтҳои ояндадори муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ шуданд.

Ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавию фарҳангии мардумони ҳарду давлат таваҷҷуҳи лозима ҷалб шуд.

Дар баробари ин Пешвои миллат сатҳи имрӯзаи робитаҳои ду давлатро дар бахшҳои гуманитарӣ баланд арзёбӣ намуда, таъмини рушди минбаъдаи ҳамкории амалии ҷонибҳоро дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг ҳамчун масалаҳои мубрами рӯз таъкид намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi