08:42:08 29-уми Апрели 2025 сол

Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо мушорикат баҳри рушдро таҳким мебахшанд

14 марти соли 2025 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикела, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф овард, баргузор гардид.

2 mid tj europa 45548787Аснои музокирот ҷонибҳо перомуни вазъи феълии мушорикати гуногунҷабҳаи Душанбе ва Брюссел дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар самти рушди нерӯи сабз, таҳкими иттисоли нақлиётӣ, инкишофи низоми маорифу тандурустӣ, рақамикунонӣ, амният ва дигар мавзуоти мавриди эҳтимоми тарафайн мубодилаи афкор намуда, дар бобати ният ва нақшаҳои баъдӣ баҳри таҳкиму тавсеаи бештари робитаҳои дуҷонибаю байниминтақавӣ иброз доштанд.

Аҳамият ва зарурати вусъати шарикии амалии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи гидроэнергетика, ки яке аз самтҳои муҳимтарину ояндадори ҳамкориҳои дуҷониба арзёбӣ мегардад, таъкид шуд.

Манбаъ: ВазоратикорҳоихориҷииҶумҳурииТоҷикистон

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ