Мулоқоти вазири корҳои хориҷӣ бо ёвари Дабири кулли СММ
21 марти соли 2025, дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ёвари Дабири кулли СММ, муовини маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ), Директори минтақавии Барномаи Рушди СММ оид ба Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ивана Живкович баргузор гардид.
Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва БРСММ, ҳамчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаҳои ин Барнома, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар нигаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
mfa.tj