13:39:29 02-уми Июни 2025 сол

ҶОСУСИ УЗБАКИСТОН БА 20 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Додгоҳи вилояти Хатлон шаҳрванди Тоҷикистон Боймурод Аноровро бо ҷурми хиёнат ба ватан ва ҷосусӣ ба манфиати Узбакистон ба мӯҳлати 20 сол равонаи зиндон кардааст. Музаффар Мирамиршоев, мушовири калони додгоҳи вилоят мегӯяд, Боймурод Анаров, шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз соли 1992 ба Узбакистон фирор карда буд, бо моддаҳои 305, 335-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хиёнат бар ватан ва убури ғайриқонунии марзи давлатӣ муҷрим дониста мешавад.

 

Ба гуфтаи ӯ, Анаров аз ҷониби кормандони Кумитаи амнияти миллӣ 18-уми июли соли гузашта дар масҷиди деҳаи Гулистони ҷамоати Сангтудаи ноҳияи Данғара боздошт шудааст. Ҳангоми боздошт аз ӯ ба миқдори ҳазор сум пули миллии Узбакистон ва ҳуҷҷатҳое, ки вобаста ба нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда-1 ва Бойғозӣ маълумоти махфӣ пешниҳод мекунанд, дарёфт гардидааст.

 

Ба гуфтаи Мирамиршоев, боздоштшуда сокини ноҳияи Қубодиён буда, пас аз фирораш дар соли 1992 ба Узбакистон соли 2005 вориди Тоҷикистон шудааст ва таи чор соли ахир бидуни ягон ҳуҷҷат дар ноҳия Ёвони вилояти Хатлон зиста, инчунин бо Бозоргул Шамсиева, як сокини ин ноҳия, ғайрирасмӣ хонадор шудаааст. Ҳадафи ниҳоии боздоштшуда дар яке аз нерӯгоҳҳои зикршуда ба ҳайси посбон кор кардан будааст.

 

Дар ҳамин ҳол, Маҳмадалӣ Холиқов, як коршинос, мегӯяд, бидуни ҳеҷ мушкиле убури сарҳади давлатӣ ва таи чаҳор сол бидуни ягон ҳуҷҷат зистани боздоштшуда аҷиб менамояд. Ба гуфтаи ӯ, суоле бепосух аст, ки чаро таи чаҳор сол мақомот аз зиндагии ӯ дар Тоҷикистон хабар пайдо накардаанд. Ҷаноби Холиқов афзуд, дар ҳоле, ки Тоҷикистон бунёди нерӯгоҳҳои барқиро бар рағми кишварҳои ҳамсоя пеш гирифтааст, бояд амнияти онҳоро ҷиддӣ назорат кунад.

 

Ин ҳам дар ҳолест, ба гуфтаи Мирамиршоев, Боймурод бо супориши як сокини дигари Тоҷикистон бо исми Бахтиёр Алимардонов, ки дар соли 1992 ба Узбакистон фирор карда ва ба иқрори боздоштшуда ҳамакнун корманди амниятии давлатӣ Узбакистон аст, ба Тоҷикистон сафар кардааст.

 

Феълан, барои аввалин бор аст, ки як шаҳрванди кишвари хориҷиро бо ҷурми ҷамъоварии иттилои махфӣ дар мавриди неругоҳҳои барқи обии кишвар боздошт мекунанд.

 

Мӯъмин Аҳмадӣ, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/1490-josusi-uzbakiston-ba-20-soli-zindon-mahkum-shud.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854