МАЪМУРИ ГУМРУК РАВОНАИ ЗИНДОН ШУД
Додгоҳи вилояти Суғд Мусайям Қодиров, раиси собиқи бахши гумрук дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷандро барои ҳашт сол равонаи зиндон кард. Оқои Қодиров дар тирамоҳи соли гузашта ба иттиҳоми мусоъидат ба қочоқи маблағи калоне аз арзи хориҷӣ боздошт шуда буд. Ҳамчунин, аз дафтари кории вай миқдоре ҳеруин кашф ва мусодира шудааст.
Дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳ собит шудааст, ки оқои Қодиров ба интиқоли ҳудуди 700 ҳазор дулор ба Чин тавассути парвози ҳавопаймо ба як тоҷир мусоъидат кардааст. Ҳамчунин, додгоҳ ин маъмури собиқи гумрукро дар сӯиистифода аз мақоми хидматӣ, ришваситонӣ ва қочоқи маводди мухаддир муҷрим шинохтааст. Тибқи ҳукми додгоҳ, беш аз 658 ҳазор дулори як тоҷир, ки оқои Қодиров ба қочоқи он мусоъидат кардааст, ба буҷети кишвар интиқол дода шудааст.
Зимнан, дар гузашта Мусайям Қодиров дар симатҳои муъовини раиси вилояти Суғд ва муъовини раиси Идораи гумрук дар шимоли Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/news/13-news/1745-2010-02-14-08-10-34.html