20:16:34 07-уми Июни 2025 сол

АМАЛИЁТИ ҶУСТУҶӮИ МАҲБУСОНИ ФИРОРӢ ИДОМА ДОРАД

Амалиёти нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар маҳаллаи Чуқайшаи ноҳияи Ваҳдат, ки дар ҷараёни он яке аз 25 маҳбуси фирорӣ дар ин маҳал дастгир шуд, дар ҳоли ҳозир идома дорад. Мақомоти амниятӣ мегӯянд, ки ба эҳтимоли ғолиб як тани дигар аз фирориён дар ин маҳал паноҳ бурдааст. Муҳаммадҷон Назриев, як масъули Вазорати корҳои дохилӣ ба Озодӣ гуфт, аз Ироҳим Насриддинов як адад туфангча ва як адад норинҷак мусодира шудааст.

 

Маҳмудҷон Назриев афзуд, ки Иброҳим Насриддинов қаблан бо моддаи 32 суийқасд ба куштор, моддаи 104 куштор ва 195 ғайриоқонунӣ бо худ доштани ярок ба 23 сол ҳабс маҳкум шуд. Феълан дар ин ҷо бештар аз 200 нафар нерӯҳои интизомӣ мустақар шудаанд ва бо мақсади ҷустуҷӯи фирориён тамоми манзилҳои сокинони маҳаллаи Чуқайшаро кофтукоб мекунанд.

 

Замоне, ки мо - як гурӯҳи хабарнигорон ба маҳаллаи Чуқайша наздик шудем, роҳҳои мошингард ба ин маҳал баста буд ва кормандони интизомӣ аз аксбардорӣ ва наворгирии хабарнигорон ҷилавгирӣ карданд. Нерӯҳои интизомӣ бо аслиҳаи ҷангӣ мусаллаҳ буданд ва гурӯҳ-гурӯҳ ва ҳамроҳ бо сагҳои бӯгир дар кӯчаҳову хонаҳои мардум мегаштанд. Ҳамзамон тамоми мошинҳо дар ин маҳал аз сӯи кормандони амният ба диққат бозрасӣ мешуд.

 

Лаҳзаҳое, ки мо ҷараёни амалиётро аз дур назора мекардем, дар фазои ноҳияи Ваҳдат чархболи низомӣ чарх мезад, ки аз тавсеаи ин амалиёт шаҳодат медод. Талошҳои мо барои сӯҳбат бо намояндагони мақомоти интизомӣ дар маҳалли ҳодиса бенатиҷа буд. Ҳамаи кормандони интизомӣ аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекарданд. Ба гуфтаи кормандони интизомӣ, тафсилоти амалиёти вижа дар ноҳияи Ваҳдат пас аз итмоми он эълон хоҳад шуд.

 

Бино ба хабарҳо, Иброҳим Насриддинов, яке аз маҳбусоне, ки аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карда буд, дар наздикии шаҳри Душанбе боздошт шудааст. Аз Иброҳим Насриддинов ба унвони яке аз созмондиҳандагони фирори маҳбусон ёдоварӣ мешуд. Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ Насриддинов зимни як амлиёти вижаи нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ дар шаҳри Ваҳдат боздошт шудааст.

 

Ӯ қаблан ба иттимоҳи терроризм дар зиндони Гуантанамо ба сар мебурд. Вале баъди раҳоӣ аз он ҷо, аз сӯи нерӯҳои амниятии Тоҷикистон боздошт шуд ва баъдан маҳкум шуд.  Хабарнигори Озодӣ аз маҳалли ҳодиса гузориш медиҳад, ки дар ҳоли ҳозир амалиёти ҷустуҷӯи нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ идома дорад.

 

Гумон меравад, ки бархе дигар аз маҳбусони фирорӣ ҳам дар маҳалле, ки Иброҳим Насриддинов боздошт шудааст, паноҳ бурда бошанд ва ба ин далел нерӯҳои интизомӣ ба кофтукови хона ба хона дар дохили шаҳри Ваҳдат ва хоса дар маҳаллаи Чуқайша пардохтаанд ва ин амилиёт идома дорад. Фирори бесобиқа аз маҳбаси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 23 август сурат гирифта буд. Ин маҳбусон бо куштани панҷ тан аз нигаҳбонони зиндон, тавонистанд аз он ҷо фирор кунанд.

 

Каюмарси Ато, Ҳарамгули Қодир, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3030-2010-09-02-13-30-41.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854