13:19:05 31-уми Майи 2025 сол

ДАРГУЗАШТИ ШАЙХ АМОНУЛЛОҲ НЕЪМАТЗОДА

Шайх Амонуллоҳ Неъматзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, дар синни 75-солагӣ имрӯз бар асари бемории саратон аз дунё даргузашт. Дар бораи марги шайх Амонуллоҳ Неъматзода аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба радиои Озодӣ иттилоъ доданд. Бино ба иттилои ин сарчашма, ҷаноби Неъматзода чанд моҳи ахир дар бистари беморӣ буд ва барои табобат дар хориҷи кишвар ба сар мебурд. Шайх Амонуллоҳ Неъматзода соли 1997 ба ҳайси раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон пазируфта шуд.

 

То ин муддат ӯ имоми масҷиди ҷомеи ноҳияи Шоҳмансур ва баъдан имомхатиби масҷиди Ҳазрати Мавлонои Яъқуби Чархӣ буд. Ҷаноби Неъматзода баландпоятарин шахсияти расмии динӣ дар кишвар буд, ки аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ мекард. Ба гуфтаи масъулини Маркази исломӣ, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз марги ин руҳонии бонуфузи кишвар изҳори таслият кардааст. Маросими ҷанозаи шайх Амонуллоҳ Неъматзода фардо баргузор мешавад.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3059-2010-09-06-17-04-03.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854