ДАРГИРИИ МУСАЛЛАҲОНА ДАР ДАРАИ КАМАРОБ
Манобеъи ғайрирасмӣ аз даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ бо мусаллаҳони номаълум дар шарқи Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд. Гуфта мешавад, нимаи аввали имрӯз дар ҳудуди байни деҳоти Шулмак ва Шулеи дараи Камароби ноҳияи Ғарм, як гурӯҳи силоҳбадаст ба мошини «Урал» - и нерӯҳои амниятии Тоҷикистон ҳамла овардааст. Як мақоми давлатӣ дар ноҳияи Рашт дар гуфтугӯи хусусӣ ин хабарро тасдиқ кард ва мегӯяд, садои тирандозиҳо дар деҳоти атроф шунида мешавад.
Ба гуфтаи аҳолии маҳаллӣ, се сарбози ҳукуматӣ кушта ва ду нафари дигар захм бардошта, ба бемористони шаҳраки Ғарм интиқол дода шудаанд. Хабаргузории "Авесто" ба нақл аз манобеи худ теъдоди кушташудагонро аз шумули сарбозони давлат то 10 нафар номидааст. Сокинони маҳал аз парвози ду чархболи низомӣ дар фазои дараи Камароб иттилоъ медиҳанд. Соати 2-и баъд аз зӯҳр, мардум ҳаракати ду зиреҳпӯш ба сӯи дараро дидаанд.
Мақомоти расмӣ дар Душанбе иттилоъ дар бораи даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва силоҳбадастони номаълумро таъйид ва ё такзиб намекунанд, аммо як намояндаи ниҳодҳои қудратӣ авзоъ дар Камаробро "муташанниҷ" унвон кард. Қаблан дар бораи ҳузури размандагони Мулло Абдулло, собиқ фармондеҳи Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар дараи Камароб гузоришҳо пахш шуда буд.
Ҳафтаи гузашта сарони ниҳодҳои қудратии кишвар ба Рашт сафар ва бо фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифони собиқ, Шоҳ Искандаров ва Мирзохуҷа Аҳмадов гуфтушунид карданд. Бино бар хабарҳо, вазирони дифоъ ва умури дохилӣ, ноибони аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додситони кулли Тоҷикистон аз ин фармондеҳон хостаанд, дар муқобили гурӯҳи Мулло Абдулло бо нерӯҳои давлат ҳамкорӣ кунанд.
Ин ҳам дар ҳоле ки гуфта мешавад, барои боздошти маҳбусони фирорӣ дар ноҳияи Рашт ситоди муштаракаи сайёри ниҳодҳои қудратӣ таъсис ёфтааст. Бино бар як хабари дигар, ҳамчунин даргирие дар деҳаи Чанорои ноҳияи Файзобод ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи он се корманди Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон захмӣ шудаанд.
Нерӯҳои амниятии Тоҷикитон ба хотири боздошти 25 фирории боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар қаламрави кишвар амалиёт мегузаронанд. То ба ҳол 7 нафари онҳо боздошт шудаанд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3153-2010-09-19-12-29-44.html