ФАЪОЛОНИ РАШТ: АЛАЙҲИ ЗАРХАРИДОН ҚИЁМ КУНЕД
Фаъолони ҷамиятӣ ва сиёсии ноҳияи Рашт зимни муроҷиъатномае ба сокинони ин водӣ хостори ҳамкории мардум бо нерӯҳои амниятӣ ва интизомии давлат дар амри саркӯбии гуруҳҳои мусаллаҳе шудаанд, ки рӯзи гузашта бо ҳамла ба корвони нерӯҳои давлатӣ дар дараи Камароб 25 сарбозро ба қатл расониданд. Дар ин муроҷиъатнома, ки ба думболи як нишасти фаъолон субҳи рӯзи 20-уми сентябр қабул шудааст, теъдоди кушташудагони ҳамлаи дирӯз ба нерӯҳои давлатӣ 25 нафар унвон шудаааст, дар ҳоле, ки дар баёнияи вазорати дифоъ шумори куштагони ин ҳодиса 23 нафар гуфта мешуд.
Ҳамчунин як мақоми умури дохила низ гуфтааст, ки дар воқеъ теъдоди кушташудагон 25 нафар аст. Фаъолони Рашт аз Муалло Абдулло (Раҳимов) ва Алии Бедак (Аловиддин Давлатов) ба унвони раҳбарони гурӯҳҳои мусаллаҳи зидди давлатӣ ва омилони ҳамлаи дирӯз ёд кардаанд. Ин фаъолон дар хитобаи худ ба мардум гуфтаанд, ки аъзои ин гурӯҳ дар макбатҳои терористии кишварҳои дигар тарбия дидаанд ва бар ивази пул мехоҳанд ҳадафҳои душманони миллати тоҷикро амалӣ кунанд.
Дар ин муроҷиъатнома омадааст, «аз шумо мардуми водии Рашт хоҳиш менамоем, ки дар якҷоягӣ бо нерӯҳои қудратии кишвар, ба хотири саркӯб намудани харобкорон ва ҷинояткорону қотилони зархарид қиём кунед».
Баёнияи вазорати дифоъ
Вазорати дифоъи Тоҷикистон бо нашри як изҳорот, ҳалокати сарбозони артиш бар асари ҳамлаи як гурӯҳи силоҳбадаст дар ноҳияи Раштро тасдиқ кард. Бино бар маълумоти расмӣ, ҳамла соати дувоздаҳуними рӯзи 19 сентябр рух дода, дар он 10 сарбози дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Пас аз ҷаласаи изтирории сарони ниҳодҳои қудратӣ дар шаҳри Душанбе, вазорати дифоъи Тоҷикистон дар як изҳороти расмӣ ҳамла ба нерӯҳои давлатӣ дар Раштро як амали террористӣ ва "кирдори номардонаву нанговар" номид ва масъулияти онро бар дӯши Аловаддин Давлатов (Алии Бедакӣ) ва Абдулло Раҳимов (Мулло Абдулло) гузошт.
Дар ҳоле изҳороти расмӣ теъдоди кушташудагонро 23 нафар зикр менамояд, хабаргузориҳо, аз ҷумла "Азия Плюс" ва РИА Новости бо такя ба манобеъи худ дар мақомоти қудратӣ, шумори кушташудагон дар ҳамлаи Раштро то 40 нафар мегӯянд. Гузоришҳои расида мегӯянд, ки аҷсоди кушташудагонро тавассути чархбол алакай ба Душанбе овардаанд.
Бино ба гуфтаи манобеъ, нерӯҳои давлатӣ рӯзи якшанбе соати тақрибан 12-30 байни рустои Навобод ва дараи Камароби ноҳияи Рашт, тақрибан 185-километрии шарқи Душанбе, ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд. Вазорати дифоъ мегӯяд, феълан ба маҳалли ҳодиса нерӯҳои изофӣ эъзом шуда, амалиёти таъқиби ҳамлагарон идома дорад.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба хотири ширкат дар иҷлосияи солонаи Маҷмаъи умумии СММ ба Ню-Йорк рафтааст, ба пайвандони қурбониён изҳори андӯҳ ва ҳамдардӣ карда, аз мақомоти қудратӣ хостааст, масъулони ҳамлаи ахирро ба муҷозот кашонида, амниятро дар шарқи Тоҷикистон таъмин кунанд.
Бино бар хабари аҳолии маҳаллӣ ва нақли сарбозони захмӣ дар бемористони шаҳраки Ғарм, нимирӯзии 19-уми сентябр дар даромадгоҳи дараи Камароби ноҳияи Рашт, як гурӯҳи силоҳбадаст ба 2 мошини «Урал» -и нерӯҳои давлатии Тоҷикистон ҳамла овардаанд. Мошини аввал аз зарбаи мушакандоз мунфаҷир гашта, сарнишинони мошини дувум бо ҳамлаварон даргир шудаанд.
Бархе аз манобеъ мегӯянд, сарнишинони мошини аввал дар ҳамлаи ғофилгирона аз камингоҳ аксаран ба ҳалокат расидаанд.Гуфта мешавад, 5 нафар аз кушташудагон афсарони Вазорати дифои Тоҷикистон мебошанд.
Фарҳоди Милод, Сафаргули Олимӣ, Маҳмуди Шодӣ, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3159-2010-09-20-07-08-57.html