ОҒОЗИ АМАЛИЁТИ ЗИДДИТЕРРУРИСТӢ ДАР РАШТ
Пас аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбеи 22 сентябр дар ноҳияи Рашт амалиёти густардаи нерӯҳои давлатӣ алайҳи "гурӯҳҳои терруристӣ" оғоз шудааст. Тибқи иттилоъи манобеъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ин минтақа амалиёт барои "безараргардонии нерӯҳои ифротгаро" идома дорад. Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи ин вазорат гуфт, ки ҳоло наметавонад аз маҳалли дақиқи анҷоми ин амалиёт иттилоъ бидиҳад. Дар ҳамин ҳол ба назар мерасад, ки иртиботи телефунӣ бо бархе аз манотиқи Рашт қатъ шудааст.
Ба ин далел дарёфти ҷузъиёти бештар дар бораи вазъияти кунунӣ дар ноҳияи Рашт аз манобеъи маҳаллӣ ғайримумкин аст. Дар ҳамин ҳол бархе аз манобеъи ғайрирасмӣ аз истифодаи анвоъи мухталифи аслиҳа дар ин амалиёт дар ноҳияи Рашт хабар медиҳанд.
Зимнан 19 сентябр дар дараи Камароб дар пайи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ ба комюнҳои низомии Вазорати дифоъи Тоҷикистон дастикам 25 нафар аз сарбозон ва афсарони ин вазорат кушта шуданд. Давлати Тоҷикистон гурӯҳҳои марбут ба "Мулло Абдуллоҳ" ва "Алӣ Бедак", ду тан аз фармондеҳони мухолифини пешинро дар ин ҳамла муттаҳам кардаст.
ПАХШИ НАВОРИ БАРОДАРИ АЛИИ БЕДАКӢ ТАВАССУТИ ТЕЛЕВИЗИОН
"ДАР ҲАМЛАИ КАМАРОБ АФҒОНҲО, ПОКИСТОНИҲО ВА ЧЕЧЕНҲО ШИРКАТ ДОШТАНД"
КУШТА ШУДАНИ 23 САРБОЗИ ҲУКУМАТӢ ДАР ДАРГИРИҲОИ РАШТ
ГУЗОРИШҲО АЗ ДАРГИРӢ ДАР ШАРҚИ ТОҶИКИСТОН
АВВАЛИН ҚУРБОНИИ ДАРГИРИИ КАМАРОБ БА ХОК СУПУРДА ШУД
ФАЪОЛОНИ РАШТ: АЛАЙҲИ ЗАРХАРИДОН ҚИЁМ КУНЕД
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3184-2010-09-22-12-35-47.html