01:01:01 08-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/22_rasht_25847'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/22_rasht_25847'

ДОДСИТОНӢ ДАР МАВРИДИ ҲАМЛА БА НИЗОМИЁН ПАРВАНДА БОЗ КАРД

Додситонии низомии Тоҷикистон гуфтааст дар мавриди ҳамла ба низомиён дар Камароб, ки дастикам 25 кушта бар ҷой гузошт, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Тибқи иттилоъи додситонии низомӣ, бозрасон ин қазияро тибқи моддаҳои “терурисм”, “қатли инсон” ва “истифодаи ғайримуҷоз аз силоҳ” таҳқиқ мекунанд. Ба гуфтаи ин додситонӣ дар ин парванда ҳанӯз аз афроди мазнун ба анҷоми ҳамла ба низомиён ном бурда намешавад.

 

Ҳомидҷон Ибодов, як масъули додситонии низомии Тоҷикистон дар сӯҳбати телефунӣ бо Би-би-сӣ рӯзи чаҳоршанбеи 22 сентябр гуфт, ки ҳанӯз барои эъломи итттиҳом алайҳи афроди мазнун дар ин ҳодиса далоили кофӣ дар ихтиёр надоранд ва ба ин далел вай наметавонад мушшахасан аз касе ном бубарад.

 

Зимнан, дар баёнияи Вазорати дифоъи Тоҷикистон, ки баъд аз чанд соъати баъд аз ҳамла ба низомиён дар дараи Камароб пахш шуд, гурӯҳҳои Абдулло Раҳимов, муллақаб ба “Мулло Абдулолҳ” ва гурӯҳи Аловуддин Давлатов, ки бештар бо лақаби “Алӣ Бедак” маъруф аст, мазнун дониста шуданд. Ин ду тан аз фармондеҳои мухолифини исломии давлат дар замони ҷанги дохилӣ будаанд.

 

Хабаргузориҳо пештар гузориш додаанд, ки мақомоти Тоҷикистон тундравони исломиро масъули анҷоми ин ҳамла медонанд. Ҳомидҷон Обидов ба далели ворид насохтани халал ба раванди таҳқиқи н ҳодиса аз ирои ҷузъиёти дигари ин парванда худдорӣ кард. Вале, манобеъи Вазорати дифоъи Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳоло дар дараи Камароб ва куллия ноҳияи Рашт амалиёти боздошти афроди мазнун ба иртибот дар ҳамла ба низомиён идома дорад.

 

Ба ин далел метавон ҳадс зад, ки барои бозрасони додситонии низомӣ ҳанӯз шароити мусоид барои бозрасии комили маҳалли ҳодиса ва таҳқиқи он фаро нарасидааст. Манобеъи маҳаллӣ дар ноҳияи Рашт мегӯянд, ки рафту омад ба дараи Камароб ҳатто барои сокинони ин минтақа маҳдуд шудааст. Зимнан, тибқи иттилоъи расида, то ҳол ҳеҷ яке аз хабарнигорон низ муваффақ нашудаанд, ки аз маҳалли ҳодиса дидан кунанд.

 

Як манбаъ дар Вазорати дифоъ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ки то ҳол низомиён ба боздошти ҳеҷ нафаре аз афроди мазнун дар ҳодисаи ҳамла ба комюнҳои низомӣ муваффақ нашудаанд. Вале манобеъи маҳаллӣ аз эҷоди маҳдудият дар гаштугузори мардум дар ин минтақа хабар медиҳанд. Мақомоти пулис мегӯянд, ки ҳарчанд ба сурати расмӣ дар ноҳияи Рашт қуюди шабгардӣ эълом нашудааст, вале маҳдудиятҳое ба иҷро даромадааст.

 

Сокинони маҳал хабар медиҳанд, ки барояшон хондани намози шом ва субҳ дар масоҷид манъ шудааст, зеро аз соъати ҳашти шом то соъати шаши субҳ муқаррароти қуюди шабгардӣ мавриди иҷро даромадааст. Дар ҳамин ҳол сафорати Омрико дар Душанбе аз шаҳрвандони худ даъват кардааст, ки аз сафар ба минтақаи шарқи Тоҷикистон худдорӣ кунанд. Далели ин амр ноамнӣ дар ин қисмати Тоҷикистон унвон шудааст.

 

Дар айни замон, бархе аз ҳафтаномаҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе зимни баррасии ҳодисаи ҳамла дар дараи Камароб, аз мақомоти низомии ин кишвар шадидан интиқод кардаанд. Аз ҷумла, бархе аз ин расонаҳо навиштаанд, ки “мақомоти низомӣ набояд сарбозони ҷавонро барои муқобала бо теруристҳои ҷангдида мефиристоданд". Ҳамчунин, бархе аз муаллифон иддаъо доранд, ки дар пайи ин ҳодиса Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон бояд истеъфо диҳад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3186-2010-09-22-13-39-29.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854