02:13:43 01-уми Июли 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/28_sulaimon_guseynov_2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/28_sulaimon_guseynov_2147'

ВАЗОРАТИ КИШВАР: "БОЗ ЯК ЗИНДОНИИ ФИРОРӢ КУШТА ШУД"

Манобеъи пулис аз кушта шудани як тани дигар аз зиндониёни фирорӣ дар ноҳияи Файзобод, дар 50-килуметрии шарқи шаҳри Душанбе, хабар медиҳанд. Як мақоми Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки Гусейн Сулейманов, шаҳрванди Русия, ки шаби 23 август аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамроҳи як гурӯҳи 25-нафарӣ аз зиндониён фирор карда буд, кушта шудааст.

 

Гуфта мешавад, ки оқои Сулейманов дар амалиёте вижа зимни муқовамат дар баробари нерӯҳои амниятӣ ва интизомӣ кушта шудааст. Ба гуфтаи манобеъи ситоди вижаи Вазорати умури дохила, ин амалиёт дар рустои Чанори ноҳияи Файзобод сурат гирифтааст. Манобеъи маҳаллӣ мегӯянд, ки амалиёти боздошти ин зиндонии фирорӣ шаби гузашта оғоз шуда буд. Тибқи иттилоъи манобеъи пулис, дар ҷараёни амалиёт барои боздошти Гусейн Сулейманов ду тан аз сарбозон ва як афсари нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ маҷрӯҳ шудаанд ва онҳо базудӣ ба Душанбе интиқол хоҳанд ёфт.

 

Ҳамчунин, гузориш шуда, ки ҳамроҳи оқои Сулейманов боз се тан аз фирориёни дигар будаанд, ки сарнавишти онҳо то ҳол рӯшан нест. Ду ҳафта қабл дар ин русто даргирии дигаре рух дода буд, ки ду захмӣ бар ҷой гузошт. Манобеъи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон он замон хабар дода буданд, ки дар амалиёти боздошти зиндониёни фирорӣ ду тан аз маъмурони амниятӣ ҷароҳат бардоштаанд.

 

Он замон хабаргузориҳо навишта буданд, ки дар ин амалиёт як тан аз муъовинони раиси кумитаи амният низ ҷароҳат бардоштааст, вале маркази матбуъотии ин ниҳод ин хабарро такзиб кард. Рӯзи якшанбеи гузашта ниҳодҳои амниятӣ аз қатли Рахмиддин Азизов, яке аз 25 фирорӣ аз боздоштгоҳи амниятӣ дар Душанбе, хабар доданд. Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, оқои Азизов бо силоҳ дар баробари нерӯҳои амниятӣ муқовамат карда ва кушта шудааст.

 

Қабл аз ин, ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон ба боздошти ҳафт тан аз зиндониёни фирорӣ муваффақ шуда буданд. Ин дар ҳолест ки пештар гузориш шуда буд, ки Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон, як гурӯҳи муртабит бо Алқоъида бо пахши як баёния масъулияти ҳамла ба комюнҳои низомӣ дар дараи Камаробро бар ӯҳда гирифта ва дар зимн хабар додааст, ки ҳамаи зиндониёни фирорӣ солим буда ва "ба манотиқи амн интиқол ёфтаанд."

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3229---q-----q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ