САФАРИ ДАБИРИ ШӮРОИ АМНИЯТ БА РАШТ
Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон, бо амри раисиҷумҳур, ба ноҳияи Рашт сафар кард. Дар сӯҳбат бо хабаргузории РИА Новости ӯ қабл аз сафараш гуфтааст, ки ҳадаф аз ин сафар водор намудани мухолифини мусаллаҳи ҳукумат барои даст бардоштан аз муқовимат ва ба замин гузоштани силоҳ аст. Ӯ афзудааст, ки агар афроди мусаллаҳ ба ин шароит итоъат накунанд, онҳо нобуд карда хоҳанд шуд, зеро давлат ба андозаи кофӣ нерӯ ва силоҳу муҳимот барои нобудии онҳоро дорад ва замони музокирот ҳам ба охир расидааст.
Амирқул Азимов гуфтааст, ӯ хуб медонад, ки хадамоти ҷосусии кадом давлатҳо барои ноором кардани авзоъ дар Тоҷикистон манфиатдоранд ва дар ҳаводиси ахир дар шарқи кишвар даст доранд. Дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки агар онҳо аъмоли фитнаангезонаи худро қатъ накунанд: “Ман барои ошкор кардани фаъолияти тахрибкоронаашон, аз ҷумла, дар бораи кай ва кадоме аз афроди мусаллаҳро пуштибонӣ кардани онҳо далелҳои кофӣ дорам”.
Оғози даргириҳои Рашт
Рӯзи 19 -уми сентябр як корвони нерӯҳои вазорти дифоъи Тоҷикистон дар дараи Камроби ноҳияи Рашт мавриди ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифт, ки дар натиҷаи он 25 нафар сарбоз кушта ва 15 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Мақомот масъулияти ин ҳамларо бар дӯши Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимо) ва Алии Бедакӣ (Аловуддин Давлатов) аз фармондеҳони пешини мухолифин вогузор намуданд. Мулло Абдулло фармондеҳи собиқи ИНОТ дар соли 1997 шароити Созишномаи сулҳи Тоҷикистонро қабул накард ва бо нерӯҳои давлат ҷангро идома дод. Аммо баъди ду соли ба шикат мувоҷеҳ шуд ва ба Афғонистон паноҳанда шуд. Мақомот мегӯянд, ӯ бо ҳаракати исломии Узбакистон, Ал-Қоида ва Толибон робита дорад ва мехоҳад муборизаи мусаллаҳона алайҳи давлати Тоҷикистонро роҳандозӣ кунад.
Баъди ҳамла ба нерӯҳои вазорти дифоъ, дар рӯзи 23 сентябр амалиёте алайҳи Мирзохуҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини мухолифин ва сардори собиқи раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Вазорти дохилии Тоҷикистон дар Рашт анҷмо шуд, ки ҳадаф аз он боздошт ва ё нобудии ин фармондеҳ буд. Аммо нерӯҳои давлат муваффақ ба боздошти ӯ нашуданд. Ва ӯ аз ин ҳамла ҷони солим ба дар бурд.
Мақомот ахиран эъълон карданд, ки ду нафар аз ҷонибдорони ӯро боздошт кардаанд. Аз сӯи дигар, бархе манобеъ мегӯянд, ки Мирзохуҷа Аҳмадов бо ҷамъи зиёде аз ҷонибдоронаш, ки нигарони сарнавишти худ буданд, ба кӯҳҳо фирор крадааст. Аммо то кунун аз ҳеҷ иқдоми онҳо алайҳи нерӯҳои давлатӣ хабаре нарасидааст. Ба гуфтаи мақомот дар даргириҳои ахири Рашт шаҳрвандони хориҷӣ, назири покитсониҳо, афғонҳо ва чеченҳо низ даст доранд.
Гуфтанист, қабл аз ҳамаи ин таҳаввулот, вазири корҳои дохилӣ, вазири дифоъ ва муовини аввали кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Рашт бо фармондеҳони собиқ аз ҷумла Шоҳ Искандаров ва Мирзохуҷа Аҳмадов мулоқот намуда ва аз онҳо тақозо намуданд, ки дар бозхдошти афроди Мулло Абдулло кӯмак кунанд, ба онҳо паноҳгоҳ надиҳанд ва силоҳҳои худро низ таслим кунанд. Аммо зоҳиран ин мулоқот натиҷае надод. Ва акнун Мирзохуҷа Аҳмадов дар паноҳ додани Мулло Абдуло муттаҳам ва за ӯ низ ба унвони омили ҳамла ба корвони нерӯҳои вазорти дифоъ ном бурда мешавад.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3244-2010-09-30-06-28-27.html