21:35:40 22-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/04_tajik_border_2147_8'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/04_tajik_border_2147_8'

НЮЗВИК: "ПАЙКОРҶӮЁНИ ИСЛОМӢ ВОРИДИ ТОҶИКИСТОН ШУДААНД"

Фармондеҳони Толибон дар Афғонистон гуфтаанд, ки дар зимистони гузашта аз 70 то 150 нафар аз шӯришиёни ҷиҳодӣ аз марзи шимолии ин кишвар ба Тоҷикистон убур кардаанд. Маҷаллаи омрикоии “Нюзвик” (Newsweek) аз қавли як фармондеҳи Толибон дар шимоли Афғонистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кардааст, менависад дар авохири соли 2009 гурӯҳҳои хурде аз ҷангҷӯёни тоҷику ӯзбак озими Тоҷикистон шудаанд. Баъд аз он ки ин гурӯҳҳо сафари худро бомуваффақият анҷом додаанд, ба ҳамсангарони худ дар Қундуз ва Покистон хабар додаанд, ки сафар ба Тоҷикистон "имконпазир аст."

 

Ба гуфтаи ин фармондеҳи Толибон, пайкорҷӯёне, ки вориди Тоҷикистон шудаанд, пайваста бо ҳамсангарони худ дар Афғонистон ва Покистон дар тамос ҳастанд. Вай шумори ҷиҳодиҳои воридшуда ба Тоҷикистонро ҳудуди 70 нафар хондааст, ки "умдатан тоҷику ӯзбак" будаанд. Як мақоми аршади Толибон дар умури иттилоъот (ҷосусӣ) низ ин хабарро ба маҷаллаи "Нюзвик" таъйид карда, вале гуфтааст, ки 100 то 150 нафар аз ҷонибдорони Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон ба кишварҳои Осиёи Миёна бозгаштаанд.

 

Муаллифи матлабе таҳти унвони “Ҷиҳодистонҳои бештар?” менависад ҳамалоти ҳавопаймоҳои бехалабони омрикоӣ ба пойгоҳҳои пайкорҷӯён дар манотиқи қабиланишини Покистон мутаҳиддони ҷиҳодии онҳо аз Осиёи Миёнаро водор кардааст, ки озими кишварҳои худ шаванд. Аммо ба навиштаи вай, ин хабари хубе барои нерӯҳои омрикоӣ нест, зеро "ҷиҳодиҳо ҷангро тарк накарда, балки минтақаи нуфузи худро ба фаросӯйи марзи Тоҷикистону Афғонистон тавсеъа додаанд ва дар он ҷо пойгоҳҳои наве барои Толибон эҷод карда ва ба шӯришиёни исломӣ дар минтақа кумак мекунанд."

 

Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст, ки пайкорҷӯёни муртабит бо Алқоъида, ба ин тартиб, мехоҳанд масири шимолии тадорукот барои нерӯҳои омрикоӣ ва НОТУ-ро ба хатар андозанд. Дар ҳамин ҳол, як мақоми давлати Афғонистон дар ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Қундуз, ки номашро махфӣ дошта, ба муаллифи ин гузориш гуфтааст, ки ӯришиён марзи шимолии ин вилоятро тақрибан ба таври комил таҳти кунтрули худ гирифтаанд."

 

Аз сӯйи дигар, Муҳаммад Умар, волии вилояти Қундуз, гуфтааст, ки теъдоде аз зиндониёни фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба манотиқи таҳти кунтрули Толибон дар шимоли Афғонистон паноҳ бурдаанд. Ин дар ҳолест, ки дар авохири моҳи гузашта гузориш шуда буд, ки Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон по пахши як баёния изҳор доштааст, ки зиндониёни фирорӣ "ба минтақае амн таҳвил ёфтаанд."

 

Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки то кунун ҳафт нафар аз зиндониёни фирориро дар шарқ ва ҷануби ин кишвар боздошт ва ду нафарро куштаанд. Афроди дигар ҳамчунон мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд. Тайи ду соли ахир мақомоти Тоҷикистон низ аз талошҳое барои вуруди аносири муртабит бо Алқоъида ва Толибон ба ин кишвар хабар додаанд. Як сол пеш Абдурраҳим Қаҳҳоров, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар нишасте матбуъотӣ аз эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои пайкорҷӯ ба ин кишвар ибрози нигаронӣ карда буд.

 

Баъдан мақомоти пулис аз боздошти чанде аз афроди муртабит бо Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон ва Алқоъида хабар доданд. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи вазорати кишвар, чанде пеш ба Би-би-сӣ гуфта буд, ки дар авоили имсол ду мазнун ба узвияти Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон (ҶИӮ) ва Алқоъида дар қаламрави Тоҷикистон боздошт шудаанд. Ахиран, нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон хабар доданд, ки бештари марзшиканон, ки шаби 8 сентябр аз Афғонистон қасди вуруд ба ин кишварро доштанд, аъзои ҷунбиши Толибон ва ҶИӮ будаанд.

 

Он замон гузориш шуд, ки дар пайи даргирӣ бо марзбонони тоҷик беш аз 20 тан аз ин марзшиканон кушта шудаанд. Аммо ҳеч манбаъи мустақилле ин хабарро таъйид накардааст. Дар авоили моҳи июни соли ҷорӣ ду фарди мусаллаҳ ба маъмурони пулис дар посгоҳи Майхура, дар шимоли шаҳри Душанбе, ҳамла карданд ва дар ниҳоят кушта шуданд. Манобеъи пулис гуфтанд, ки ин ду нафар зодагони ноҳияи Исфараи вилояти Суғд буда ва аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шудаанд.

 

Гузашта аз ин, ниҳодҳои интизомӣ хабар доданд, ки ҳамлаи интиҳорӣ ба сохтмони пулис дар вилояти Суғд, ки 3 сентябр рух дод, низ аз сӯйи ҷонибдорони Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон сурат гирифтааст. Дар ин замина телевизиюнҳои давлатии Тоҷикистон баёноти бародари шахсеро, ки ба анҷоми ин ҳамла муттаҳам шудаааст, намоиш доданд. Аз сӯйи дигар, ҷунбиши Толибон ва Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон дар гузашта бо пахши баёнияҳое давлати Тоҷикистонро ҳушдор дода буданд, ки аз "таъқиби мусалмонон ва ҳамкорӣ бо Омрико" дар муборизаи эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон худдорӣ кунад, вагарна "ин кишвар бо бесуобтӣ рӯбарӯ хоҳад шуд."

 

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1300 килуметр марзи муштарак дорад. Бахши аъзаме аз манотиқи марзии ду кишвар дар кӯҳистон воқеъ шуда ва муроқибат аз он ҷойҳо душвор аст. Бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти молӣ ва заъфи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар заминаи муроқибат аз марз бо Афғонистон, Омрико ва кишварҳои ғарбӣ ҳамвора ба ниҳодҳои амниятию интизомии Тоҷикистон кумакҳои билоъивази фаннӣ ироа кардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3278--q----q.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ