ГУЗОРИШҲО АЗ ТАЛАФОТИ НЕРӮҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР РАШТ
Гузоришҳо ҳокист, ки панҷ тан аз маъмурони пулис ба ҳангоми амалиёт дар дараи Камароб, дар шарқи Тоҷикистон, кушта шудаанд. Ба гуфтаи як манбаъи умури дохилӣ, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, ин маъмурон аъзои ОМОН ё гурӯҳи вижаи пулиси вилояти Хатлон буда ва барои боздошти афроди мусаллаҳ, ки чанде пеш ба комюнҳои вазорати дифоъ ҳамла карданд, ба минтақаи Рашт эъзом шуда буданд.
Манобеъи маҳаллӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки ҷанозаи Ятим Салимов, яке аз маъмурони кушташудаи пулис, рӯзи душанбеи 4 октябр дар зодгоҳаш дар ноҳияи Балҷувон ба хок супурда мешавад. Дар амалиёте, ки дар он нерӯҳои пулиси вилояти Хатлон ширкат кардаанд, чаҳор нафари дигар низ кушта шуда ва ҳамчунин фармондеҳи ин гуруҳи вижаи пулис ҷароҳат бардоштааст. Хабаргузории "Asia-Plus" аз қавли манобеъи умури дохилӣ дар Хатлон хабар дода, ки дар ин даргирӣ ду нафар аз афроди мусаллаҳи мухолифи давлат низ кушта шудаанд.
Ба гуфтаи манобеъи ғайрирасмӣ, ҳодисаи кушта шудани маъмурони ОМОН-и вилояти Хатлон рӯзи шанбеи 2 октябр рух додааст. Вале ин хабар ба таври расмӣ таъйид нашудааст. Як манбаъи дигар ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин панҷ нафар аз кормандони пулис на дар ҷараёни як даргирӣ, балки дар рӯзҳои мухталиф ба дасти афроди мусаллаҳ кушта шудаанд. Дарёфти иттилоъи дақиқ дар бораи вазъияти амниятӣ дар минтақаи Рашт дар ду ҳафтаи ахир душвор шудааст. Манобеъи расмӣ аз ироаи иттилоъ дар бораи ҳаводиси ин минтақа худдорӣ карда ва мегӯянд, ки "вазъият дар он ҷо ором аст."
Ситоди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон рӯзи 2 октябр гузориши бархе аз расонаҳо дар бораи осеб дидани як чархбол дар амалиёти Рашт ва маҷрӯҳ шудани як сарбозро рад карда ва изҳор дошт, ки он рӯз "дар ин минтақа ҳатто садои як тир шунида нашудааст." Иртиботи телефунӣ бо минтақа аз 22 сентябр ба ин сӯ қатъ шудааст. Ҳамчунин, омаду рафти сокинон ба минтақаи Рашт, бавижа ба ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Тавилдара, маҳдуд шудааст.
Вазъият дар минтақаи Рашт баъд аз фирори гурӯҳи 25-нафарии зиндониён аз боздоштгоҳе амниятӣ дар Душанбе ва ҳамла ба комюнҳои ҳомили низомиён дар дараи Камароб рӯ ба вахомат ниҳод. Давлати Тоҷикистон бархе аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифини собиқи давлатро ба даст доштан дар ин ҳамла муттаҳам карда ва барои боздошти онҳо амалиёти густардае оғоз кардааст.
Ҳафтаи гузашта Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, изҳор дошт, ки "силоҳбадастон бояд ё халъи силоҳ шаванд ва ё нобуд хоҳанд шуд." Тибқи иттилоъи манобеъи амниятӣ, раҳбарони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон феълан дар минтақаи Рашт қарор доранд. Вале манобеъи расмӣ аз ироаи ҷузъиёти ин амалиёт худдорӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаъи низомӣ хабар дод, ки ахиран бархе аз пизишкон аз яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе барои ироаи кумакҳои аввалияи пизишкӣ ба захмиён ба минтақаи Рашт эъзом шудаанд. Далели ин амр камбуди пизишкон барои ироаи кумакҳо ба осбедидагон дар ҷараёни даргириҳо унвон шудааст. Пизишкони низомӣ, ки умдатан дар пойтахти кишвар қарор доранд, машғули мудовои низомиёни ҷароҳатбардошта дар бемористон будаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3281-2010-10-04-16-02-32.html