13:48:27 02-уми Июни 2025 сол

ЯК УЗВИ ДИГАРИ ГУРӮҲИ "АЛФА" ЁФТ ШУД

Бино ба иттилои Дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, гурӯҳи вижаи наҷотбахши ин кумита дар маҳали суқути чархболи Горди милии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, аз дарёи Сурхоб ҷасади боз як тан узви гурӯҳи маъруфи «Алфа»- и Кумитаи амниятии миллии кишварро берун овард.

 

alfaШахси пайдошуда прапоршики калони гурӯҳи "Алфа" Сӯҳроб  Мирзоев, сокини ноҳияи Рӯдакӣ будааст. Қабл аз ин, рӯзи 27 октябр, ҷасади се нафар, аз ҷумлаи шаш нафари нопадидшуда -прапоршикҳои гурӯҳи «Алфа» Мискиншо Ироншоев, сокини шаҳри Хоруғ, Олим Суяров, сокини ноҳияи Данғара ва Ширин Сафаров зодаи ноҳияи Фархор, дар маҳали суқути чархбол аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ёфт шуда буд. Ба иттилои мақомоти кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ, амалиёти ҷустуҷӯи ду нафари боқимонда идома дорад.

 

Мақомоти интизомии кишвар аз суқути чархболи ҳомили нерӯҳои қудратӣ дар маҳали Навободи минтақаи Рашт дар рӯзи 6 октябр хабар дода буданд, ки дар пайи он  аз 27 савори чархбол, 20 нафар ба ҳалокат расид. Дар миёни онҳо, ҷасади 7 афсари Горди миллӣ ва 13 узви нерӯҳои “Алфа” шиносоӣ шуда буд.

 

Дар ибтидо чанд фарзияи суғути ҷархбол дар миён буд. Яке аз фарзияҳо, беш аз ҳадди мумкин бор доштани чархбол унвон мешуд. Фарзияи дигар ин буд, ки чархбол зимни парвоз дар қади рӯдхонаи кӯҳӣ ба симе, ки сокинон барои интиқоли молу коло аз болои дарё гузаронидаанд, бархӯрдааст.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3472-----qq--.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854