04:18:45 02-уми Июли 2025 сол

ДУ ИНФИҶОР ДАР ПОЙТАХТИ ГУРҶИСТОН

Полиси Гурҷистон мегӯяд, бар асари ду таркиш шаби гузашта дар Тифлис як нафар кушта ва як тани дигар захмӣ шудааст.

 

Инфиҷори аввал дар наздикии дафтари ҳизби мухолифи Коргар ба вуқӯъ пайваста, занеро, ки дар бинои шафат мезист, куштааст. Ним соат дертар таркиши дувум минтақаи дигари пойтахти Гурҷистонро такон додааст. Сухангӯи Вазорати умури дохилии Гурҷистон аз шарҳи ангезаҳои ин таркишҳо худдорӣ кард ва гуфт, қазия пажӯҳиш мешавад.

Назари Шумо

Security code
навсозӣ