14:27:57 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МАВРИДИ ЛАТУ КӮБ ҚАРОР ГИРИФТАНИ САРДАБИРИ «НАҶОТ»

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи «Наҷот» ва узви раёсати ҲНИТ субҳи имрӯз дар наздикии манзили истиқоматиаш ҳангоми равонаи кор будан мавриди лату кӯби афроди номаълум қарор гирифт. Бар асари ин лату кӯб Сайфуллоҳзода ҷароҳати вазнин бардошта барои тадовӣ ба беморхонаи Қаряи Боло интиқол дода мешавад.

 

sayfullozoda 1Ташхиси пизишкон нишон додааст, ки Сайфуллоҳзода аз косахонаи сар, лабу чашму даҳон зарб хӯрда ҳолати вахим дорад. Феълан ба ҳуш омада бошад ҳам, вале аз сабаби он ки лабу даҳон мавриди ҷарроҳии оҷили пизишкон қарор гирифтаанд, сухан гуфтан барояш бо душворӣ даст медиҳад. Муҳаммадалӣ Ҳаит, муовини раиси ҲНИТ дар сӯҳбат ба хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» изҳор дошт, ки дар ҷаласаи изтирории Шӯрои сиёсии ҳизб ин ҳамларо алайҳи сардабири нашрияи ҳизб маҳкум намуда, аз мақомоти дахлдори ҳукумат талаб шудааст, ки қазияи мазкурро фавран таҳқиқ намуда, омилони воқеаро ба ҷавобгарӣ бикашанд.

 

Сайидумар Ҳусайнӣ, намояндаи ҲНИТ дар палатаи поёнии Маҷлиси Олии кишвар дар як тамоси телефонӣ шахсан вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон генерал –полковник Абдураҳим Қаҳҳоровро дар ҷараёни ин ҳодиса гузоштааст. Ба гуфтаи Маҳмадалӣ Ҳаит мақомоти умури дохила ба тафтиши ҳодисаи мазкур оғоз карданд. Сайфуллоҳзода ва шоҳидони айнӣ бозпурсӣ шуданд.

 

Маҳмадалӣ Ҳаит бар ин бовар аст, ки ҳамла болои Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода бо шарҳу тафсирҳои дар расонаҳои мухталифи хабарӣ кардаи ӯ дар ин авохир иртибот дорад. Қарор аст фардо ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизб баргузор гардад ва оиди ин қазия изҳороти расмии раҳбарияти ҲНИТ нашр шавад.

 

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi